Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Саид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Эрону Покистон масоили гуногуни марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Иброҳим Раисӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони давлатҳо аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 120 миллон доллар баробар буд.
Зимни мулоқот, Президенти Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонд.
Дар мулоқот бо Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA-1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон ба манфиати ду кишвар хонда шуд.
Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор карда шуд.
Зимни мулоқотҳо бо сарони кишварҳои Эрону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, паҳлуҳои гуногуни авзоъ дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста