Дар ноҳияи Фотеҳи Истамбули Туркия таркиш ба амал омад ва алангаи он се мошинро фаро гирифт, менависад хабаргузории Haberturk.

"Дар ноҳияи Фотеҳи Истамбул алангаи оташи мошине, ки бо сабабҳои номаълум месухт, мошинҳои дигарро, ки дар таваққуфгоҳ буданд, фаро гирифт. Дар ҷараёни сӯхтор, ки дар дурбинҳои телефонҳои мобилӣ сабт шудааст, садои таркишҳо шунида мешавад",- менависад хабаргузорӣ.

Сабабҳои таркишҳо ҳанӯз рӯшан нест. Ба навиштаи рӯзномаи “Yeni Akit”, сӯхтор танҳо набуда, балки чанд таркиш рух додааст. Аланга дар дохили мошин сар зада, сипас ба мошинҳои дигар паҳн шудааст. Ҳафт мошин осеби ҷиддӣ дида, таркишҳо дар байни мардум воҳима ба вуҷуд овардааст.

Нерӯҳои оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд, полис ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст.

Ҳафтаи гузашта дар кӯчаи пиёдагардҳои Истиқлол дар маркази Истамбул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа 6 нафар кушта ва 81 тани дигар захмӣ шуданд. Гумонбари таркиш Аҳлам Албашир, барои ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Туркия, фармони анҷоми таркиш аз шаҳри марзии Кобании Сурия гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар 21 суроға кофтукоб анҷом дода, дар маҷмӯъ, нерӯҳои амниятии ин кишвар 50 нафарро боздошт кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.