Тавре қаблан хабар дода будем, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса якҷо бо Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо бо сафари серӯза вориди пойтахти Чин шаҳри Пекин шуданд.
Низоъ дар Украина муҳимтарин масъалае буд, ки ин ду сиёсатмадори матраҳи Аврупо дар мулоқот худ бо роҳбари давлати Чин бештар сари он таваҷҷуҳ карданд ва барои қатъи он аз Си Ҷинпин кӯмак хостанд.
Макрон: “Шумо метавонед Русияро ба сулҳ водор созед”
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ки бо сафари серӯза дар Чин қарор дорад, аз Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури ин кишвар хостааст, ки “бо истифода аз нуфузаш ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҷиҳати хатми ҷанг дар Украина мусоидат кунад”.
Макрон хитоб ба Си Ҷинпин гуфтааст, “ман медонам, ба шумо такя карда метавонам, ки Русияро ба ҳуш биёваред ва ҳамаро ба сари мизи музокирот баргардонед”, менависад Би-би-сӣ.
Дар посух, раиси ҷумҳури Чин изҳори умедворӣ кардааст, ки “ҷонибҳо ҳарчи зудтар музокироти сулҳро оғоз мекунанд”.
Хоҳиши Макрон аз Ҷинпин дар ҳоле, ки чанд ҳафта қабл Чин нақшаи сулҳ дар Украинаро пешниҳод намуд, аммо он аз ҷониби ҳеҷ як давлати ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса ҷонибдорӣ нагардид.
Урсула фон дер Ляйен: “Мо ба Чин умед мебандем”
Урсула фон дер Ляйен пас аз мулоқоти сеҷониба бо Макрон ва Си Ҷинпин, бо роҳбари Чин вохӯрии хоса доир намуд ва баъди он аз “ният”-и Си Ҷинпин барои гуфтугӯ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский хабар дод ва онро “қадами мусбат” дар самти хатми бӯҳрон дар Украина номид.
“Дар музокироти имрӯза таъкид кардам, ки аз нақшаи сулҳи раисҷумҳури Украина Зеленский комилан ҷонибдорӣ мекунам. Инчунин, баъзе аз принсипҳои пешниҳодкардаи Чин, аз ҷумла дар масъалаи амнияти ҳастаӣ ва коҳиш додани хатарҳои он ва изҳороти Чин дар бораи қобили қабул набудани таҳдидҳои ҳастаӣ ё истифодаи силоҳи ҳастаӣ истиқбол кардам”, - бо истинод ба Урсула фон дер Ляйен навиштааст euronews.
Ӯ гуфта, ки Чин ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва дӯсти дерини Русия масъулият дорад, аз нуфузи худ истифода кунад.
“Мо ба Чин умед мебандем, ки ин масъулиятро иҷро мекунад”, - умедворӣ кард Урсула фон дер Ляйен.
Дар ин баробар, роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба Чин ҳушдор додааст, ки “агар Чин дар замони ҷанги Украина ба Русия силоҳ содир кунад, равобиташро бо Иттиҳодияи Аврупо ба таври қобили мулоҳиза хароб хоҳад кард”, - менависад euronews.
Си Ҷинпин чӣ посух дод?
Си Ҷинпин ба ҳайси мизбон ва бо риояи анъанаҳои дипломатии хоси Чин ба даъватҳои Эмманеэл Макрон ва Урсула фон дер Ляйен гуфтааст, ки омода аст бо Порис барои ҷилавгирӣ аз ташдиди авзоъ ҳамкорӣ кунад ва умедвор аст, ки низоъ тавассути “роҳи ҳалли сиёсӣ” ба поён хоҳад расид.
“Мо бояд аз бархӯрд канорагирӣ карда, ғайринизомиён ва кӯдаконро муҳофизат кунем”- таъкид кардааст раҳбари Чин.
Си Ҷинпин таъкид кардааст, ки Чин “зидди истифодаи силоҳи ҳастаӣ, биологӣ ё кимиёвӣ, ҳамла ба нерӯгоҳҳо ё иншооти барқӣ аст”.
Бояд гуфт, ки сафари президенти Фаронса ва роҳбари Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба Чин баъди мулоқоти Си Ҷинпин, роҳбариин кишвари шарқӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва дидору гуфтугӯи ӯ дар Маскав иттифоқ меафтад. Си бо сафари серӯза вориди Маскав шуд ва бо Путин изҳороти муштарак дод. Аз ҷумла, дар аксари масоили мубрам мавқеи муштараки Чин ва Русияро зикр намуд.
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста