Ӯ ҳамон тавре зист, ки қалбаш хост ва ҳамон тавре дунёро падруд гуфт, ки орзуи онро дошт: Шаҳодат дар роҳи ҳимояи Шараф, Ватан ва Миллат.
Акмал Амирӣ, яке аз фармондеҳони аршад ва шинохтаи Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки якҷо бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон алайҳи Толибон* меҷангид, зимни як даргирӣ бо Толибон* якҷо бо ҳафт ёронаш дар Панҷшер кушта шуд. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" хабар дод.
Толибон марги Акмал Амириро расман тасдиқ карданд.
Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи ин Ҷабҳа ҳам навиштанд, ки “муборизи роҳи озодӣ ҷоми шаҳодат нӯшид”.
Фарҳоди Дарё, овозхони шинохтаи афғонистонии муқими Амрико гуфт, ки "дилам мешиканад, вақте хабари марги чунин инсонеро мешунавам”.
Салоҳиддин Раббонӣ, раҳбари як шохаи Ҳизби ҷамъияти исломӣ, ва Раҳматуллоҳ Набил, раиси амнияти ҳукумати пешини Афғонистон, кушта шудани Акмал Амирӣ ва ҳамроҳонашро нашр ва маҳкум намуданд.
Тамоми мардуми Афғонистон ва ҳам аксари тоҷикони ин сӯйи Ому аз куштори қаҳрамонафсари роҳи озодии Афғонистон ғамзадаанд.
Ин қаҳрамон кист?
Акмал Амирӣ афсари артиши ҳукумати фирории Афғонистон бо роҳбарии Ашраф Ғании гуреза буд, ки ба миллату давлаташ бовар дошт ва барои ҳимояаш содиқона меҷангид.
Ӯ соли 1990 дар вилояти Каписо, дар оилаи парҳезкор ва зиёии Муҳаммад Осиф Фарҳат ба дунё омадааст. Акмал мактабу курси миёнаи омӯзиширо бомуваффақият хатм карда, ба Академия миллии ҳарбии Афғонистон шомил шуд ва пешвои донишҷӯён буд.
Баъди хатми Академияи миллии ҳарбӣ, ба артиш пайваст ва аз афсарони далеру шуҷои нерӯҳои Афғонистон дониста мешуд. Чанде пас фармондеҳ гардид.
Ӯ дар доғтарин нукоти ҷанг, аз ҷумла шаҳри Қандаҳор, хатарноктарин хадамоти низомӣ – иктишоф фаъолият карда, рутбаи лейтенантӣ дошт ва то лаҳзаи ғасби қудрат дар Кобул аз сӯйи Толибон*, ба ҳайси ёвари генерал-майор Муҳаммад Амин Насиб, роҳбари раёсати иктишоф кор мекард.
“Медонам, ки барои чӣ меҷангам”
Махсусияти кори Акмал Амирӣ тақозо мекард, ки ӯ ноаён бошад, чун дар қалби душман кор мекард ва бо иктишоф сарукор дошт. Воқеан, чунин буд, ӯро то лаҳзае, ки наворе аз суҳбаташ нашр нагардид, касе намешинохт. Он навор ва суханронӣ дар он Акмал Амириро шинохта кард ва мардуми Афғонистонро ошиқи ӯ намуд.
Маълум нест, ки ин навор дақиқан кай интишор шудааст, вале яқин кабл аз фирори Ғанӣ.
Дар он навор намоди як афсари шуҷоъ ва донишманди афғонистонӣ – Акмал Амирӣ тасвир ёфтааст. Ӯ сухани худро аз он шурӯъ мекунад, ки медонад, чаро меҷангад.
“Ман ва ҳамсангаронам мефаҳмем чаро меҷангем, аз ин сабаб дар сафи пешем”, - мегӯяд ӯ.
Бо хитоб ба Толибон*, ки даъво доштанд барои дин меҷанганд, мегӯяд: “Ба номи дине меҷангӣ, ки мегӯяд, агар муъминеро амдан бикушӣ, ҷоят фақат ҷаҳаннам аст. Ба номи дине меҷангӣ, ки ҳарфи аввал бихон буд. Нагуфта буд, ҷиҳод бикунед. Дине, ки мегӯяд, ба рӯи бародари мусалмони худ биханд, бароят даҳ аҷр медиҳам”.
Ҳамин тавр, Акмал даъвоҳои дигари Толибонро дар хусуси миллату ҳукумат ботил хонда, онҳоро ба он муттаҳам мекунад, ки “бо номи миллат ба миллаткушӣ машғул аст” ва “бо номи ҳукумат ба вайронкорӣ”.
Ӯ Толибонро қувваи ночизу муболиғашуда хонда, гуфта буд, ки ҳозир аст бо раиси уламои Толибон* дар Форёб аз дин баҳс кунад ва пирӯз мешавад.
“Ба унвони як сарбоз, ки онҳо (Толибон*) фикр мекунанд, кофир ҳастаму бесавод, дар маҳзари кулли миллат истод мешавам ва аз дин баҳс мекунам. Агар ман пеши раиси уламои Толибон* кам овардам (яъне бесаводӣ зоҳир кардам) хунам бахшида аст, маро эъдом кунед”, - гуфта буд Акмал Амирӣ.
“Бо лаби хандон мемирам”
Акмал Амирӣ ба Худо бовар дошт, ба мардуми худ эътимод карда буд ва дар роҳи ҳимоят аз ин муқаддасот меҷангид. Ӯ ҳадафмандона меҷангид ва мегуфт, “то рӯзе, ки зиндаам, канори ҳамсангаронам сипари миллат мешавам”.
Ҳамин тавр ҳам шуд, Акмал Амирӣ ҳамроҳи ҳафт ёронаш, мисли ҳафт ситораи тобон, ҳафт бародарон барои миллати худ бо лаби хандон, ҷоми шаҳодат нӯшид.
Дар корномаи Акмал Амирӣ навишта шудааст: Барои хидматҳояш бо сипосномаву медалҳои зиёд сарфароз гаштааст.
Аммо бузургтарин тӯҳфа барои ӯ, тавре худаш мегӯяд, эътимоди мардумаш буда, ки қаҳрамонаш садо мекарданд. Ӯ қаҳрамони зинда буд.
Тазодро бубинед: Ашраф Ғанӣ, ҳамоне, ки шабу рӯз ва дар ҳар меҳробу минбар лофу газофи ватандорӣ мезад, соҳиби қудрат буд дар аввалин рӯзи ҳуҷуми ҳамқавмони хеш мардуми барояш эътимодбастаро раҳо кардаву бо ғасби пулҳои зиёди мардуми фақири Афғонистон Кобулро тарк намуда, меҳмони шайхҳои араб шуд ва имрӯз зиндагии шоҳона дорад, аммо касе номашро бе иловаи чанд дашном ёд намеорад.
Акмал Амирӣ, ҳамоне, ки ба ҳайси як низомии воқеӣ давлату миллаташро ҳифз мекард, пас аз ҳуҷуми Толибон* тарки кишвар накард, балки рафт назди мардум ба Панҷшер ва барои озодӣ ӯ, ки бузургтарин арзиш барояш буд, мубориза бурд ва қурбон шуд. Ҳамон тавре, ки худаш мегуфт: Ҷойе, ки ҷон бидиҳӣ шаҳид садоят мекунанд, зинда мондӣ – қаҳрамон. Магар мешавад барои ин миллату давлат бо лаби хандон ҷон надод?
Ӯ дар охири суханронии худ гуфта буд: “Мурдан ҳақ аст, аммо тавре бояд зист, ки баъди мурдан ному пайкорат ёд гардад”.
Воқеан, чанд рӯз пеш, фармондеҳ Акмал Амирӣ ҷоми шаҳодат нӯшид, аммо бовар ҳаст, корномаи ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста