Тасмими боз кардани дафтари тиҷоратӣ дар Афғонистон зимни дидори як ҳайати мақомдорони Қазоқистон бо намояндагони Толибон* дар Кобул гирифта шудааст, хабар медиҳад primeminister.kz.

Ба навиштаи манбаъ, як ҳайати ҳукумати Қазоқистон таҳти раҳбарии Серик Ҷумангарин, муовини нахуствазир ва вазири тиҷорати ин кишвар дар Кобул бо ҳайати Толибон мулоқот кардааст.

Ин ҳайат дирӯз дар фурудгоҳи Кобул кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистонро ба Нуруддин Азизӣ, сарпарасти вазири тиҷорати Толибон, супорид.

Ба гузориши манбаъ, Қазоқистон тасмим дорад, ки тавассути дафтари тиҷоратии худ дар Афғонистон орд, гандум, таҷҳизоти фаннии роҳи оҳан, зағир ва равғани офтобпараст ворид кунад.


Дар бораи кай боз шудани дафтари тиҷоратии Қазоқистон дар Афғонистон мушаххасан чизе гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Мулло Абдулғанӣ Бародар, сарпарасти муовини сарвазири Афғонистон дар бахши иқтисод гуфтааст, ки Қазоқистон ба боз шудани сафорат ва консулгарии Афғонистон дар ин кишвар итминон додааст.

Абдулғанӣ Бародар гуфтааст, зимни дидор ҳамчунин масъалаи боз кардани намояндагии дипломатии Афғонистон дар Остона баррасӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи шанбе муовини нахуствазири Қазоқистон бо як ҳайат вориди Кобул шуд ва бо бархе аз мақомоти Толибон, ба хусус Мулло Абдулғанӣ Бародар мулоқот кард.

Толибон аз ин мақоми баландпояи қазоқ хостааст, дипломатҳои онҳоро бипазирад, то равобиташон беҳтар шавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони равобити байнулмилалӣ пазируфтани дипломатҳои Толибон бидуни эътирофи ҳукумати муваққатро як равобити якҷониба медонанд.


Сафари ҳайати Қазоқистон ба Кобул дар пайи мулоқоти сафири ин кишвар бо сарпарасти вазири хориҷаи Толибон дар моҳи августи соли гузашта сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Толибонро пас аз ғасби Кобул дар моҳи августи соли 2021 ҳеҷ давлате ба расмият нашинохтааст, аммо чандин кишвари ҷаҳон бо ҳар роҳе бо ин гуруҳ робитаеро барқарор кардааст. Аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Миёна ҳам бо фиристодани сафирону намояндагони худ ба Кобул, як навъ хоҳиши худро барои роҳандозии муносибати ҳасана баён карданд.

Дар чунин ҳол, Тоҷикистон ягона кишваре боқи мемонад, ки аз сиёсти Толибон бо шиддат интиқод карда, то ҳол бо онҳо ҳеҷ гуна равобити расмии мустақим надорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.