Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, президенти АМА дар робита ба даргузашти бародараш - Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ фиристодааст.

“Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, - зикр мегардад дар барқияи Президенти Тоҷикистон.

Расонаҳои АМА қаблан навишта буданд, ки Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён аз беморӣ ранҷ мебурд.

Дар робита ба марги бародари Президенти АМА дар ин кишвар мотами серӯза эълон шуд ва он аз 27 то 29-уми июл идома ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.