Нерӯҳои ҳарбии Исроил ба хонаи фармондеҳи ҷиноҳи низомии ҷунбиши ҲАМОС Муҳаммад Дайф дар шаҳри Хон Юниси навори Ғазза ҳамла кардаанд. Дар ин бора BBC бо такя ба нашрияи исроилии Haaretz иттилоъ медиҳад.
Дар пайи ин ҳамла, падар, бародар, фарзандон ва дигар наздикони Муҳаммад Дайф кушта шудаанд. Дар бораи худи Муҳаммад Дайф маълумот нест. Тахмин зада мешавад, ки ӯ дар нақбҳои зеризаминӣ пинҳон шудааст. Дар ин нақбҳо, ба эҳтимоли зиёд, исроилиҳои гаравгон низ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар бораи ҳамла ба Муҳаммад Дайф, макони эҳтимолии иқомати ӯ, куштори наздикону пайвандонаш қаблан низ маълумотҳо нашр шуда буд. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, роҳбари ҷиноҳи низомии ҲАМОС аз ҳафт сӯиқасд (охиринаш дар соли 2021) ҷон ба саломат бурда ва хеле кам дар миёни мардум зоҳир мешавад.
Бояд гуфт, Исроил пас аз ҳамлаи мушакӣ ва заминии ҷангҷӯёни ҲАМОС дар санаи 7-уми октябри соли ҷорӣ, ки тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳон, ҳудуди 800 кушта дар пай дошт, навори Ғаззаро комилан муҳосира карда, мушакборон намуд ва нақша дорад, ҳамлаҳои заминӣ низ роҳандозӣ кунад. Ҳоло муҳосира ва мушакборони минтақа идома дорад ва шадидтар мешавад.
Муҳаммад Дейф кист?
Роҳбари ҷиноҳи ҳарбии ҲАМОС Муҳаммад Дайф барои хадамоти истихборотии Исроил нафари ошно аст. Мақомоти Исроил ӯро аз миёни солҳои 1990 зери назари худ гирифта, як маротиба ҳатто боздошту баъдан раҳо кардаанд.
Дар Фаластин Муҳаммад Дайф қаҳрамон дониста мешавад, ки барои ҳимояи ҳуқуқи фаластиниён ҷон сипар кардааст.
Нашрияи Meduza бо истифода аз маълумотҳои то ин замон нашркардаи васоити ахбори оммаи гуногун, талош кардааст, ки Муҳаммад Дайф ва корномаи ӯро барои хонандагон ошно кунад
Бовар меравад, ки Муҳаммад Дайф аз солҳои аввали таъсиси Ҳаракати ҲАМОС дар соли 1987, узви он будааст. Он замон ӯ тахминан 20 сол доҳштааст. Дайф соли 1965 дар урдугоҳи гурезаҳо дар шаҳри Хон Юнис таваллуд шудааст. Номи аслии ӯ Муҳаммад Диаб Иброҳим ал-Масрӣ аст.
Тибқи гузориши Financial Times, падар ва амаки Дайф дар рейдҳо алайҳи исроилиён, тақрибан дар ҳамон қаламраве, ки рӯзи 7 октябри соли 2023 мавриди ҳамла қарор гирифт, ширкат доштаанд.
Лақаби Дайф (ё Зайф) дар забони арабӣ маънои “меҳмон”-ро дорад. Гумон меравад, ки ба ӯ ин лақаб ба хотири он дода шудааст, ки макони будубоши худро барои пинҳон шудан аз хадамоти истихбороти Исроил пайваста иваз мекардааст.
Тавре ки The Washington Post дар соли 2014 навишт, Дайф дар ҷавониаш бо аъзои ҷунбиши Ихвон-ул-муслимин* (ҲАМОС ҳамчун шохаи фаластинии ин созмон пайдо шуд) вомехӯрд.
Солҳои 1980 дар Донишгоҳи исломии Ғазза таҳсил кардааст. Дар баробари ин, чунон ки газета менависад, ӯ гуруҳи театрии “Бозгашт”-ро (номи он ишора ба хоҳиши гурезаҳои фаластинӣ барои баргаштан ба сарзаминҳои аҷдодиашшон аст) таъсис дод.
Гуфта мешавад, ки пас аз пайвастан ба ҲАМОС ӯ маҳорати актёрии худро бо нақшҳои хурд дар наворҳои таблиғотӣ истифода кардааст.
Соли 1990 аз ҷониби мақомоти Исроил боздошт ва баъдан раҳо шуд.
Дар дохили ҲАМОС Дайф, тавре ки The Washington Post навиштааст, “бинобар сабру таҳаммул ва фаҳмиши хуби аслиҳа зуд маъруф шуд”.
Ӯ шогирди Яҳё Айёш бо лақаби “Муҳандис” буд, ки дар сохтани бомб тахассус дошт ва масъули як силсила ҳамлаҳои маргталабона ба автобусҳои исроилӣ дар миёнаҳои солҳои 1990 буд. Соли 1996 Айёш кушта шуд ва масъулиятҳои ӯ ба зиммаи Дайф вогузор гардид.
Ба гуфтаи мусоҳибони Financial Times, Муҳаммад Дайф “ҳамеша ба васила (корнома)-и низомӣ тамаркуз мекард”, ба рақобати байни гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ таваҷҷуҳ надошт ва “танҳо дар бораи чӣ гуна тағир додани табиати низои арабу Исроил тавассути хушунат фикр мекард”.
Дар як изҳорот дар авоили солҳои 2000-ум ӯ аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки “бо исроилиҳо дар дохили Исроил биҷанганд” ва “тахайюлоти онҳоро дар бораи он ки метавонанд дар замини ишғолшуда бехатар зиндагӣ кунанд, ботил созанд”.
Дайфро таҳиягари мушакҳои худсохти “Қассам” низ меноманд, ки ҲАМОС аз он ҳазорон дона ба сӯи Исроил партоб карда, низоми дифои ҳавоии Исроилро рахна мекунад. Ӯ ҳамчунин созандаи низоми нақбҳои зеризаминӣ дар навори Ғазза маҳсуб мешавад, ки ҷангҷӯён аз он барои пинҳон шудан аз хадамоти истихбороти Исроил истифода мекунанд.
Муҳаммад Дайфро аз миёнаҳои солҳои 1990 Исроил меҷуст. Дар расонаҳо ҳамагӣ чанд акси ӯ мавҷуд аст, ки он ҳам даҳсолаҳо пеш бардошта шудаанд.
Аз соли 2001 то ҳол ҳадди ақал ҳафт кӯшиши куштани ӯ маълум аст.
Ҷузъиёти ин сӯиқасдҳо фарқ мекунад. Ба навиштаи The Times of Israel, соли 2002 бар асари сӯиқасд Дайф аз як чашм маҳрум шуд. Соли 2006 аз пойҳову дастонаш маҳрум гардид. Соли 2014 дар як ҳамлаи ҳавоӣ зану духтари сесола ва писари навзоди ӯ кушта шуданд.
Охирин кӯшиши куштани раҳбари ҷиноҳи ҷангии ҲАМОС давоми ҷанги 11-рӯза дар соли 2021 сурат гирифта буд.
Рӯзи 7-уми октябр Муҳаммад Дайф, ки ба таври оммавӣ кам сухан мегӯяд, як паёми 10-дақиқаӣ дар бораи оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо нашр карда, гуфт, ки он дар посух ба “таҳқир”-и масҷиди Ал-Ақсо аз ҷониби Исроил роҳандозӣ гардид. Ӯ аз фаластиниҳо, арабҳои Исроил ва сокинони мамлакатҳои арабӣ даъват кард, ки ба муқобили Исроил қиём кунанд, истилогаронро ронанд ва деворхоро вайрон кунанд.
Ба гузориши рӯзномаи “Файнэншл Таймс”, Дайф ҳамчунин гуфтааст, ки ҲАМОС тасмим гирифтааст, ҷиноятҳои Исроил алайҳи фаластиниёнро хотима бахшад ва “ба душман нишон диҳад, ки наметавонад бидуни ҷавобгарӣ ба таҷовузи худ идома диҳад”.
Ба гуфтаи манбаи ин рӯзнома дар ҳукумати Исроил, Дайф мухолифи амалияест, ки тибқи он ҲАМОС дар ивази сабуктар кардани муҳосираи навори Ғазза ва додани муҷаввизи кор ба сокинони ин минтақа ба созиш бо Исроил розӣ шудааст.
Ба гуфтаи як манбаи Financial Times, пас аз ҳамлаи рӯзи 7 октябр, дигар чунин созишномаҳо наметавонанд вуҷуд дошта бошанд.