Хабаргузории Bloomberg бо истинод ба таҳқиқоти Пажуҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стратегӣ дар Лондон иттилоъ медиҳад, ки соли 2023 дар саросари дунё 183 даргирии мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст, ки нишондиҳандаи баландтарин тайи се даҳсолаи ахир мебошад.
Ба ақидаи муаллифони мақола, дар ҳамин ҳол, ба ҷаҳон ҷанги калон таҳдид намекунад, вале ташаннуҷи вазъ байни давлатхо, махсусан дар муносибатхои байни ИМА ва Чин меафзояд.
"Ин манзараи даҳшатноки афзоиши хушунат дар бисёр минтақаҳоро тасвир мекунад ва ҷангҳо доимӣ ба истиқрори сулҳ монеъа эҷод месозанд. Ин таҳқиқот, ки на ба бархӯрдҳои абарқудратон байни Чин, Русия, ИМА ва муттаҳидони онҳо, балки ба низоъҳои минтақавӣ бахшида шудааст, 183 низоъ дар соли 2023-ро фаро гирифтааст, ки ин шумори баландтарин дар се даҳсола аст”, - омадааст дар мақола.
Муаллифони мавод илова кардаанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайридавлатӣ нақши зиёновар доранд ва ҷунбиши Ҳамоси фаластинӣ танҳо барҷастатарини онҳост. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки даргириҳои марзӣ дар саросари ҷаҳон рух медиҳанд ва низоъ миёни Исроил ва Фаластин метавонад дар Ховари Миёна низоъҳои густардатареро ба вуҷуд орад.
Дар мавод ҳамчунин гуфта мешавад, то ҳол маълум нест, ки Си Ҷинпин, раиси Чин то куҷо омода аст, барои густариши таҷовузи худ дар Баҳри Чини Ҷанубӣ, пеш аз ҳама бар зидди Тайван иқдом кунад.
“Дар саросари ҷаҳон задухӯрдҳои марзӣ ба амал меоянд, ки кӯшиши Русия барои сарнагун кардани Украина харобиовартарини онҳост. Озарбойҷон Қарабоғи Кӯҳиро тасарруф карда, ба фирори беш аз 100 ҳазор сокини армантабори он боис гардид. Танишҳо миёни Русия ва Гурҷистон боқӣ монда, танишҳо миёни Алҷазоир ва Марокаш бадтар аз ҳар замони муосир аст. Терроризми дохилӣ дар Покистон бадтар шуда, ташаннуҷ бо ҳукумати зиддимусулмонии Ҳиндустон ба таври хатарнок баланд аст ”, - гуфта мешавад дар он.
Инчунин зикр мешавад, ки "буҳрони суръатбахши иқлим ба таъсираш ҳамчун омили сабабҳои аслии низоъ ва заъфҳои камбудиҳои ниҳодӣ дар кишварҳои осебпазир идома медиҳад".
“Шиддати низоъҳо сол аз сол меафзояд: тибқи таҳқиқоти охирин, теъдоди қурбониён 14% ва ҳодисаҳои хушунатбор - 28% афзудааст. Ин ҷаҳонест, ки "дар пасманзари шумораи афзояндаи фаъолон, ангезаҳои мураккаб ва убуркунанда, таъсироти глобалӣ ва суръатбахшии тағирёбии иқлим бо низоъҳои бештари ҳаллашон душвор ва зӯроварии мусаллаҳ бартарӣ дорад”, - омадааст дар мавод.