Бар асари заминларзае, ки рӯзи душанбе дар қисмати шимолу ғарби Чин ба амал омад, дастикам 111 нафар ҳалок шуда, боз 220 каси дигар осеб диданд, хабар медиҳад ВВС бо истинод ба расонаҳои давлатии Чин.

Заминларза дар музофоти Гансу қарибиҳои нимашаб рух дода, дар натиҷа хонаву иншооти зерсохтор дар музофоти Гансу ва ҳамчунин музофоти ҳамсояи Синхай осеб дидаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), қувваи заминҷунбӣ 5,9 балл ва умқи он дар марказаш - 10 км-ро ташкил додааст.

Хабаргузории давлатии Синхуа иттилоъ медиҳад, ки дар музофоти Гансу 100 нафар ҳалоку 96 нафар осеб дида, дар музофоти Синхай боз 11 нафар ҳалок шуда, 124 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳудуди 1,5 ҳазор нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагон ба минтақаи офати табиӣ сафарбар карда шудаанд.


Дар наворҳо аз минтақаи заминларза дида мешавад, ки наҷотдиҳандагон аз миёни харобаҳои биноҳои фурӯрафта ва ҳуҷраҳое, ки шифташон қисман фурӯ рафтаанд, роҳ меёбанд.

Дар баъзе минтақаҳо ба кори сохторҳои таъминот бо об ва неруи барқ монеъа эҷод шудааст.

Раиси Чин Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки “барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, табобати саривақтии маҷруҳон ва то ҳадди камтарин расонидани теъдоди қурбониён тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд”.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бар асари заминларзаи қуввааш 6,6 балл дар музофоти Сичуан дар қисмати ҷанубу ғарби Чин зиёда аз 60 нафар ҳалок шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.