Ба хотири бузургдошти 100-солагии зодрӯзи ходими давлатӣ ва сиёсатмадори дурандеш Ҳайдар Алиев. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон соли 2023 дар ин кишвар "Соли Ҳайдар Алиев" эълон шудааст.
Воқеан, Ҳайдар Алиев дар таърихи садаи XX-и Озарбойҷон нақши тақдирсоз дошт – ӯ сиёсатмадори хирадманд ва пешвои миллие буд, ки орзуву ормонҳои миллионҳо одамонро ба амал баровард.
Ҳайдар Алиев фаъолияти худро дар мақомоти амнияти давлатии ИҶШС оғоз кардааст. Ӯ зуд то рутбаи генерал-майор расида, Раиси Кумитаи давлатии амнияти Озарбойҷон шуд. Дар фаъолияти ӯ таҳия ва роҳбарии басо амалиётҳои пурмасъули иктишофӣ ҷойгоҳи муҳиме доштааст. Ин фаъолият ҷаҳонбинии Ҳайдар Алиевро васеъ намуда, тафаккури таҳлилии ӯро то дараҷаи баланд ташаккул додааст. Дар солҳои роҳбарии ӯ Кумитаи давлатии амнияти Озарбойҷон дар байни мақомотҳои КДА ҷумҳуриявӣ яке аз беҳтаринҳо ба шумор мерафт.
Натиҷаи мантиқӣ ин интихоб шудани Ҳайдар Алиев ба вазифаи котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Озарбойҷон буд. Ҳайдар Алиев дар давраи аввали роҳбарии Озарбойҷон (1969-1982) ба шарофати қобилияти ғайриодии идоракунӣ, иродаи қавӣ ва ватандӯстии баланди худ, бо қарорҳои дурандешона ва мақсаднокаш дар як муддати кӯтоҳ дар тараққиёти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии кишвар муваффақиятҳои назаррас ба даст овард.
Маҳз ҳамон вақт заминаи ояндаи шукуфони Озарбойҷон гузошта шуд. Замони раҳбарии Ҳайдар Алиев дар соҳаи саноати сабук, вазнин ва нафти Озарбойҷон корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Ба соҳаи кишоварзӣ ва сохтмон диққати аввалиндараҷа дода шуда – Озарбойҷон ба майдони бузурги бинокорӣ табдил ёфт. Дар давоми 13 соли роҳбарии ӯ Озарбойҷони Шӯравӣ ба яке аз ҷумҳуриҳои рушдкарда дар фазои иттиҳод табдил ёфт. Дар ҷумҳурӣ 313 корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд. Озарбойҷон ба 65 кишвари ҷаҳон маҳсулот содир мекард.
Масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ аз мадди назари Ҳайдар Алиев берун намонданд. Гувоҳи он мақоми давлатӣ гирифтани забони озарбойҷонӣ дар соли 1978 мебошад. Озарбойҷон аз кишвари истеҳсолкунандаи ашёи хоми як гӯшаи империя ба ҷумҳурии пешқадами ИҶШС табдил ёфт. 12 маротиба пай дар ҳам ғолибияти мусобиқаҳои сотсиалистиро миёни ҷумҳуриҳои дигар ба даст овард.
Истеъдоди беназири идоракунии давлатии Ҳайдар Алиев, иродаи қавии сиёсӣ ва эътиқоди устувори ӯ, бори дигар солҳое, ки ӯ ҳамчун яке аз роҳбарони ИҶШС лоиҳаҳои азимро амалӣ менамуд, равшан зоҳир гардид. Замони ишғоли вазифаи муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС ӯ ба масъалаҳои басо душвор: нақлиёт, бахши иҷтимоӣ, тандурустӣ ва илм роҳбарӣ мекард.
Вай масъули иҷрои лоиҳаи бузургтарин – сохтмони Шоҳроҳи Байкал-Амур буд. Ҳайдар Алиев фаъолияти 12 вазоратро назорат мекард. Таҳти роҳбарии ӯ иқтидори асосии маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ кашф ва ба кор андохта шуданд, системаи ягонаи энергетикию нақлиётӣ ба вуҷуд оварда шуд.
Озарбойҷон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта бо амри замон истиқлолияти давлатии худро барқарор кард, бо таҳдидҳои нав мисоли аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан ва аз даст додани давлатдории худ бар асари таҷовузи арманиҳо, фишорҳои беруна ва низоъҳои дохилӣ рӯбарӯ шуд.
Ҳайдар Алиев ба талаби фаврии мардум посух дода, дар замонҳои душворе, ки тақдири мардуми Озарбойҷон ҳал мешуд, ба сари қудрат баргашта, дар роҳи наҷоти Ватан фидокории бесобиқа нишон дод. Ӯ мамлакатро аз вартаи парокандагии ҷамъиятию сиёсӣ наҷот дода, таназзули амиқро дар тамоми соҳаҳо бартараф кард, роҳи тараққиёти устувори давлатро муайян намуда, онро аз нав барқарор ва аз ҳама гуна ҳамлаҳо ҳифозат намуд.
Солҳои роҳбарии Ҳайдар Алиев барои кишвар марҳалаи тақдирсозест, ки халқи Озарбойҷон бо истифода аз фурсати беназири таърихӣ ба ивази азобу уқубатҳои зиёд ба абадият ва бебозгаштии истиқлолияти худ ноил гардид. Тамоми марҳалаҳои роҳи пурғановати ҳаёт ва фаъолияти беназири Ҳайдар Алиев ҳамдигарро пурра намуда, таҷассуми зиндаи пайванди наздик ба халқи худ ва садоқат ба ғояҳои давлатдории миллӣ гардиданд.
Ҳайдар Алиев, ки дорои дониши васеъ ва тафаккури амиқ буд, бо амалҳои хирадмандона ва далеронаи худ масъалаҳоеро, ки ҷомеаи Озарбойҷонро на танҳо дар даврони истиқлолият, балки дар ҳама давру замон ҷиддан нигарон мекарданд, бомуваффақият ҳал намуд.
Пешвои бузург робитаи аслии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятро возеҳ дарк намуда, дар стратегияи рушди миллӣ, ки худ муаллифи он буд, вазифаҳои дар пеш истодаро дар соҳаҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дуруст нишон дода, моҳирона амалӣ намуд.
Дар натиҷаи татбиқи бомуваффақияти стратегияи миллии нафтии Ҳайдар Алиев халқи Озарбойҷон соҳиби ҳақиқии сарватҳои табиии худ гашта, захираҳо дар як муддати кӯтоҳ истихроҷ шуданд ва ин ба рушди кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Хизматҳои барҷастаи Ҳайдар Алиев дар назди халқи Озарбойҷон – қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва татбиқи ислоҳоти мукаммал, ки тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва таъсиси артиши доимӣ мебошад.
Ҳайдар Алиев, ки яке аз сиёсатмадорони бонуфузи замони худ буд, дар таблиғи симои муосири Озарбойҷон, мероси ғании халқи хеш ва ба даст овардани мавқеи арзандаи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ нақши беназир бозид.
Муҳимтарин вазифае, ки пешвои бузург ба миён гузошт – дар асоси мавозину усулҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҳал намудани муноқишаи Арманистону Озарбойҷон буд ва барои барқарор намудани ин адолати таърихӣ тамоми захираҳои мамлакат ва имкониятҳои халқ сафарбар карда шуданд.
Ҳамин ҳидоятҳои Пешвои миллӣ Ҳайдар Алиев буд, ки баъдтар давлати Озарбойҷон таҳти роҳбарии Илҳом Алиев, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷанги 44-рӯзаи Ватанӣ ғалаба кард ва исбот намуд, ки ба ҳифозати сохибихтиёрӣ ва истиқлолияти худ қодир аст.
Рӯзҳои 19-20 сентябри соли 2023 Артиши Озарбойҷон тадбирҳои зиддитеррористӣ анҷом дода, дар тӯли 23 соат ба халъи силоҳ ва комилан хориҷ намудани нерӯҳои арманӣ аз Қарабоғ ноил гардид ва бо ин васила соҳибихтиёрии комил дар тамоми қаламрави кишварро таъмин намуд.
Ҳайдар Алиев ба ҳайси сарчашмаи ғурури миллии озарбойҷониҳо, ки дар солномаи давлатдорӣ осори фаромӯшнашаванда гузоштааст, тайи умри худ аз озарбойҷонӣ буданаш ифтихор мекард, дар саросари ҷаҳон ҳамчун рамзи Озарбойҷон пазируфта мешавад.
Мардуми Озарбойҷон хотираи мубораки Ҳайдар Алиевро ҳамеша бо эҳтироми хос пос медоранд ва рӯзи ба сари қудрат омадани ӯро ҳамчун ҷашни давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони “Рӯзи наҷоти миллӣ” истиқбол менамоянд.
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста