Бар асари заминларзаи шадид дар Ҷопон дастикам 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.
BBC менависад, ки мақомот аз хисороти зиёд ва талафоти зиёд ҳушдор медиҳанд - миқёси фоҷеа баъди расидани наҷотдиҳандагон ба манотиқи осебдида муфассал арзёбӣ мешавад.
Нахуствазири Ҷопон Фумио Кишида рӯзи 2-юми январ аз “талафоти зиёд” хабар дода наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо “мусобиқа бо вақт” номид.
Рӯзи душанбе дар маркази Ҷопон дар наздикии нимҷазираи Ното дар вилояти Исикава заминҷунбии 7,6 дараҷаӣ рух дод. Биноҳои зиёд хароб ва даҳҳо ҳазор нафар одамон бе барқ монданд.
Ба гуфтаи ҳукумати Ҷопон, беш аз 97 000 нафар дастури кӯчбандӣ гирифта, шабро дар толорҳои варзишӣ ва мактабҳо, ки ҳамчун марказҳои кӯчи изтирорӣ истифода мешаванд, сипарӣ кардаанд.
Фумио Кишида, нахуствазири Ҷопон гуфтааст, ки шоҳроҳҳои асосӣ дар минтақаи заминларза бар асари тӯфони шадид осеб дидаанд ва ба талошҳои наҷоти низомиён монеъ шудааст.
“Нерӯҳои худмуҳофизатӣ барои расидан ба минтақаҳои офатзада бо мушкили зиёд рӯбарӯ хоҳанд шуд, зеро хатсайрҳо қатъ шудаанд, аммо бояд ҳарчӣ зудтар пеш аз фурӯ рехтани биноҳо одамоне, ки дар биноҳо дармонда буданд, наҷот дода шаванд”, - гуфтааст ӯ.
Шабакаи телевизионии NHK хабар дод, ки табибон, аз ҷумла, натавонистаанд ба бемористони шаҳри аз офати табиӣ осебдидаи Сузуи вилояти Исикава бирасанд.
Пас аз заминларза мақомот дар Исикава хатари сунамӣ эълон карданд, вале баъдан ҳама огоҳиҳо лағв шуданд.
Агентии обуҳавошиносии Ҷопон гуфтааст, ки аз субҳи рӯзи душанбе дар Ҷопон 155 заминҷунбӣ ба шиддатҳои гуногун рух додааст, ки аз ҳама зиёди онҳо 7,6 дараҷаро ташкил медиҳад.
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста