Муғфуруллоҳ Шаҳоб, писари сарпарасти вазорати саноати кӯҳии Афғонистон ба ҳайси сафири Толибон дар Ӯзбекистон пазируфта шудааст.
Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон* дар саҳифаи Х (Твиттери пешин)-и худ хабар додааст.
“Силсилаи қабули сафирони Афғонистон ва супурдани сафорат дар кишварҳои ҷаҳон бо суръати баланд идома дорад!
Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистон ба Мавлӣ Муғфуруллоҳ Шаҳоб, сафири Имороти Исломӣ супурда шуд”, - навиштааст Забеҳулло Муҷоҳид.
Хабари таслими Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистон ба намояндаи Толибон ҳафтаи гузашта расонаӣ гардид, аммо расман касе тасдиқ накарда буд.
Мақомоти Ӯзбекистон ҳам то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд.
Муғфуруллоҳи Шаҳоб айни ҳол Сафорати Афғонистон дар Ӯзбекистонро амалан роҳбарӣ мекунад, аммо расман пас аз қабули эътимодномаи ӯ аз сӯйи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба кор оғоз менамояд.
Нафари таъинкардаи Толибон дар курсии сафирӣ Аҳмад Холид Илмиро иваз кард, ки аз ҷониби ҳукумати қаблӣ ба ин мақом таъйин шуда буд.
Пештар аз ин, Чин низ эътимодномаи намояндаи таъйиншудаи Толибонро пазируфта буд. Чин аввалин кишваре дар ҷаҳон шуд, ки бо ҳукумати Толибон равобити дипломатӣ барқарор кард.
Давлатҳои боқимондаи минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон то ҳол Сафорати Афғонистонро ба намояндаи Толибон таслим накардааст ва сафири пешини ин кишвар чун намояндаи мардуми Афғонистон фаъолият дорад.
Ҳарчанд хабарҳо дар бораи таслими консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба намояндаи Толибон интишор шуданд, аммо мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора шарҳи расмӣ надодааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста