Мувофиқи фармони Гулмира Худойбердиева, вазири маориф ва илми Қирғизистон ба мудирон ва омӯзгорони мактабҳо дарёфти туҳфа ва ҷамъоварии маблағ барои баргузории занги охир манъ шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ташкили чорабиниҳо дар марказҳои дилхушӣ бо иштироки хатмкунандагон ҳам манъ шудааст.

Гуфта мешавад, сардорони шуъбаҳову раёсатҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ ба ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар остонаи хатми мактаб ва пешгирӣ аз истифодаи маводи оташангез, мушакҳои маҷруҳсозанда ва дигар василаҳои ба сиҳатии хатмкунандагон зараррасон вазифадор шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои риоя накардани фармони мазкур, мудирон то аз мақом барканор шудан ҷазо гирифта метавонанд. Занги охир дар мактабҳои Қирғизистон соати 9 субҳи рӯзи 25 май садо медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.