Имрӯз дар Улан-Батор (Муғулистон) сайри ҷаҳонии ҷудо - мусобиқаи байналмиалии “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” оғоз меёбад, ки дар он се намояндаи Тоҷикистон - Амирҷон Насимҷон дар вазни 90 кг, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг ширкат меварзанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври аввал паҳлавонони тоҷик  - Беҳрӯз Хоҷазода (25 июн) ва Амирҷон Насимҷон (26 июн) бо варзишгарони Муғулистон қувваозмоӣ мекунанд.

Сомон Маҳмалбеков бинобар сабали аланд будани рейтингаш аз даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) - Бенс Борос (Маҷористон) рақобат мекунад.

Гуфта мешавад, дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст.

Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор долларро ташкил дода, ғолибон бо 5 ҳазор , зинаи дуюм - 3 ҳазор ва дорандагони медали биринҷӣ - бо 1500 евро мукофтпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Зимнан зикр мешавад, ки Гранд Слами Уланбатор шашум мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад. Варзишгарони тоҷик дар панҷ мусобиқаи гузаштаи соли 2022 се медал ба даст овардаанд: Комроншоҳ Устопириён (-90кг) моҳи январ дар Гран Прии Португалия, Темур Раҳимов моҳи феврал дар Гранд Слами Тел Авив ва моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.