Сайри ҷаҳонии ҷудо бо “Zagreb Grand Prix” идома меёбад, ки дар он 8 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа дар шаҳри Загреби Хорватия 15-17 июл ба нақша гирифта шудааст ва дар он иштироки 541 (313 мард, 228 зан) варзишгар аз 71 давлат дар назар аст.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз кишвари мо 8 варзишгар ба Хорватия сафарбар мегарданд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Муҳаммад Маҳмадизода (ҳар ду дар вазни -60кг), Шаҳбоз Саидаброров ва Алиҷон Сафаралиев (ҳарду - 66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён (ҳар ду дар вазни -90кг).
Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали мусобиқа – 15 июл – мо шоҳиди ҳунари 4 варзишгарамон дар вазнҳои -60кг ва -66кг мегардем. Дар рӯзи дуюм ду варзишгарамон - -73кг ва -81кг, дар рӯзи сеюм низ ду варзишгарамон - -90кг нерусанҷӣ мекунанд.
Чун анъана, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Дар ҳар вазн ғолибон бо 3 ҳазор евро, барандагони медали нуқра - бо 2 ҳазор евро ва барандагони медали биринҷӣ бо 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Дар мусобиқаи пешини сайри ҷаҳонии ҷудо дар Будапешт, ки рӯзҳои 8-10 июл доир гардид, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ҳар ду зинаи 7-умро ишғол намуданд.