Қаҳрамони нави лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» Шахриёр Даминов - беҳтарин қаиқрони ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ 12 сол пеш ба ин навъи варзиш омада, намедонист, ки ӯро чӣ дастовардҳо интизоранд.

«Ман ҷавон ва бепарво будам –   кӯчагардӣ мекардам. Аммо вақте ки маро ба ин варзиш фиристоданд, он ҳаёти маро дигар кард!”, - мегӯяд ӯ. — Ба мамлакатҳои гуногун сафар мекунӣ, ҷаҳонро мебинӣ, парчами кишвари худро мебардорӣ! Ту дар кишвари худ идеал мешавӣ!».

Даҳҳо медал - ҳам дар мусобиқаҳои маҳаллӣ ва ҳам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ: дорандаи медали тиллои Чемпионати Осиё, медалҳои нуқра (ба масофаи 25,90 км) ва биринҷӣ (ба масофаи 3,6 км) аз Чемпионати якҷояи Ҷаҳон ва Осиё қаиқронӣ ва каноэ.

«Барои ман аз ҳама хотирмон ва душвортарин мусобиқа - ин Бозиҳои осиё-2018 буд, - мегӯяд ӯ. - Масофаи 1000 метр, масофаи хеле тӯлонӣ, ки дар давоми он пеши назар тамоми ҳаётат меояд! Рақибони асосии ман варзишгарони Ӯзбекистон ва Чин буданд. Ман барои гирифтани ҷои аввал бисёр кӯшиш кардам, аммо ба марра дуюм расидам».

Чӣ ба Даминов имкон медиҳад, ки мушкилотро паси сар кунад ва ӯ чӣ орзуҳое дорад? Ба навори мо таваҷҷуҳ кунед.

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони маъруф ва номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста, мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳаи “Тоҷикистон ба пеш!” ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ то 1430 сомонӣ бонус гиред!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.