Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда чор шаҳрванди Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (8-0, 3 КО) бар варзишгари Русия Довуд Алаев (9-1, 5 КО) дастболо шуд. Дар мусобиқа оид ба бокс дар Екатеринбург (Русия) дар вазни 61,2 кг дар ҳашт раунд бо қарори доварон ӯ Алаевро мағлуб кард.   

Усмонов бо мураббиён
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар доираи мусобиқаи Bellator Champions Series 3 дар Дублин размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта Сарвар Ҳамидов (16:0) бори навбатӣ пирӯз шуд. Дар доираи қувваозмоӣ (кардҳо)-и пешакӣ варзишгари тоҷик дар вазни 61,2 кг намояндаи Бразилия Марсирли Алвсе да Силва (11:3)-ро мағлуб кард. Ҳамаи доварон ба пирӯзии ӯ (ҳисоб 30:27) овоз доданд.

Сарвар Ҳамидов
Сурат: Вellator

Қобили зикр аст, ки ба туфайли ин пирӯзӣ Сарвар Ҳамидови 27-сола дар мусобиқаҳои касбиёни ММА омори хуб дорад. Ӯ дар ҳамаи 16 қувваозмоӣ дар замони ҳунарнамоиаш, аз ҷумда дар сетоаш таҳти сарпарастии Bellator пирӯзӣ ба даст овардааст.

Дар мусобиқаи UFC on ABC 6 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) дар вазни сабуктарин варзишгари Тоҷик Муин Ғафуров (UFC 1-2, 19-6) бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кюнг Хо Канг (UFC 8-5-1, 19-12) дар се арунд қувваозмоӣ намуда, бо қарори якдилонаи доварон (ҳамаи доварон - 30-27-ӣ) пирӯз дониста шуд.

1/2

Қобили зикр аст, ки Дар Чемпионати мутлақи размикорӣ (UFC) Ғафуров 3 қувваозмоӣ гузаронида, ғалаба бар Канг аввалин дар ин промоушен мебошад.

Дар ҳамин мусобиқа дар Арабистони Саудӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) дар вазни нимасабуки 66 кг дар раунди сеюм бо усули буғикунанда пеш аз муҳлат аз варзишгари бразилиягӣ Фелипе Лима (UFC 0-1, 13-1) шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти Наимов дар промоушени Дана Уайт мебошад.

1/2

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.