Кароматулло Раҳимзода, роҳбари пешини Филармонияи давлатии Тоҷикистон хабари ифтитоҳи парванда нисбаташро рад карда, гуфт, “он маблағро нагирифтаам”.
Бояд гуфт, ки хабари ифтитоҳи парванда нисбати Кароматулло Раҳимзода, сармуҳосиби ин муассиса Баҳриддинов С.С. ва соҳибкор Якубов Ш.А. бо гумони азхудкунии 834 ҳазору 441 сомонӣ аввал дар саҳифаи Агентии зиддифасод дар шабакаи иҷтимоии фейсбук нашр гардид, вале баъди чанде пок карда шуд.
Пас аз нисфирӯзии имрӯз, 9-уми июл, Кароматулло Раҳимзода зимни суҳбати бидуни сабт, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин маблағро нагирифтааст ва нисбаташ парванда ҳам боз нагардидааст.
“Директори Филармонияи давлатӣ нав шуд ва ӯ дархост кард, ки фаъолияти молиявии корхона санҷида шавад. Дар пайи санҷиш баъзе мушкили муҳосибот ва ҳуҷҷатҳои сари вақт дурустнакардаи молиявӣ маълум гардид. Маро ҳамчун роҳбари пешини ин муассиса даъват карда, ба баъзе саволҳо посух гирифтанд, аммо нисбати ман парванда боз нашудааст”,- гуфт ӯ.
Кароматулло Раҳимзода таъкид кард, ки маблағи зикршударо нагирифтааст ва намедонад, ки чаро ин хабар нашр шуд.
“Шояд инҷо хатогие шудааст”, - кӯтоҳ хулоса кард ӯ.
Як масъули Агентии зиддифасод ҳам дар суҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс” сабаби пок кардани хабар аз саҳифаи фейсбукро ба хатогӣ дар хабар рабт дод.
Ӯ гуфт, “иштибоҳе сар задааст ва онро ислоҳ мекунанд”.
Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Раҳимзода аз соли 2020 то 2023 роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ солҳо дар бахши фарҳангу санъати Тоҷикистон, аз ҷумла дар Консерваторияи миллӣ ба ҳайси устод кор кардааст. Пеш аз директори Филармонияи давлатӣ шудан директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста