Дар Алмато Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонон бахшида ба ёдбуди Бект Маҳмудов ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 700 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Муғулистон, Шри-Ланка, Олмон, Молдова ва ИМА иштирок карданд. Мусобиқа давоми чор рӯз дар маҷмааи варзишии “Балуан Шолак” баргузор шуд.

Мусобиқа ба ҷудокорони ҷавон имкон дод, ки натанҳо малакаву ҳунари худро намоиш диҳанд, балки барои радабандиҳо (рейтингҳо) имтиёзҳо ба даст оранд, ки дар ҳунарнамоии минбаъдаи онҳо нақши муҳим хоҳанд бозид.

Ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар дараҷаи вазни 60 кг миёни кадетҳо ба дарёфти медали тиллои мусобиқаи шарафёб гардид.

Ба иттилои муовини раиси Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ Эргаш Маҳмадбеков , дар вазни 73 кг низ Муҳиддин Асадуллоев медали тилло гирифта, дар ҳамин вазн Абӯбакр Абдуҷалилзода медали биринҷӣ ба даст овард.


Ба гуфтаи ӯ, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳудуди 50 нафар ҷудокорони ҷавони ояндадор намояндагӣ карданд.

“Бахусус мехоҳам Асадуллоевро зикр кунам, ки дар ҳамаи рақобатҳояш сатҳи баланди муқовимат нишон дода, қариб дар ҳамаи набардҳо пеш аз муҳлат ғолиб шуд”, - иброз дошт ӯ.

Номбурда хотиррасон намуд, ки тирамоҳ дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон доир мегардад ва ба онҳо омӯзиши ҳарифони оянда, арзёбии омодагии варзишгарон ва таҳлили паҳлӯҳои мусбату манфии онҳо зарур буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.