Размикори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи UFC 311 дар толори “Интют Доум”-и Лос Анҷелес (ИМА) варзишгари Ҷопон Риня Накамураро мағлуб кард.
Рақобат давоми се раунди пешбинишуда идома ёфта, бо қарори якдилонаи доварон (30-27, 30-27, 30-27) Ғафуров ғолиб дониста шуд. Барои размикор аз Тоҷикистон ин дуюмин пирӯзии пайдарпай ва 20-умин дар фаъолияти ҳунариаш аст (20-6). Рақиби ӯ ҷопонии то ҳол таъми бохтро начашида Риня Накамура (9-1) то ин дам дар се қувваозмоӣ дар UFC дастболо шуда буд.
Дар давоми тамоми муддати рақобат Муин бартарӣ дошта, талош мекард, ки қувваозмоиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонад.
Аз рӯйи натиҷаҳои се раунд доварон якдилона Ғафуровро ғолиб донистанд, ҳарчанд букмекерон бештар ғалабаи ҷопониро пешгӯӣ карда буданд.
Пас аз ду бохт дар рақобатҳои аввал Муин Ғафуров акнун ба пирӯзии дуюм дар лигаи пурзӯртани ноил гардид. Накамура дар давоми тамоми муддати фаъолияти варзишии худ бори аввал шикаст хӯрд.