Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси дафтарҳои кории давлатии доимо амалкунандаи ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд.
Чунин дафтари корӣ дар ноҳияи наздисарҳадии Ҷайҳун – собиқ Қумсангир низ фаъолият дорад; дар ин ҷо Саидбегим Мирзошоҳзода – хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос кор мекунад.
Саидбегим Мирзошоҳзода дар мактаб хуб таҳсил мекард ва аз ин рӯ, ҳангоми хондан дар синфҳои болоӣ аллакай медонист, ки ба таҳсил идома медиҳад ва барои гирифтани квотаи президентӣ ариза дод. Ба туфайли донишаш ба квота соҳиб шуда, муддати панҷ сол Саидбегим дар пойтахт зиндагиву таҳсил намуд. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ гирифта, дӯстону шиносҳои зиёде пайдо кард.
- Баъди хатми мактаби олӣ донишҷӯёни квотадор маъмулан бояд се сол дар ноҳияи худ кор кунанд, вале маро фаромӯш карданд. Ман ба «Тоҷикматлубот» дар Душанбе ба кор даромадам. Вле вақте фаҳмидам, ки дар Ҷайҳун ҷойи кории холӣ ҳаст, тасмим гирифтам, ки худам қарзро ба ноҳия бармегардонам, - мегӯяд ӯ.
Саидбегим қайд мекунад, ки танҳо баъди ба маълумоти ҳуқуқшинос соҳиб шудан, ба хубӣ дарк намуд, ки надонистани ҳуқуқҳои худ ва қонунҳои кишвар то чӣ андоза ба сокинони зодгоҳаш Ҷайҳун монеъаҳо эҷод мекунад. Ва боз фаҳмид, ки маҳз дар ноҳия ба ҳамдиёронаш бештар нафъ оварда метавонад, зеро ҳамчун ҳуқуқшиноси бепул кор кардан лозим меояд, яъне ҳар як нафаре наздаш омада метавонад.
Бо кадом саволҳо мизоҷон ба Саидбегим муроҷиат мекунанд? Ягон чизи ғайримаъмулие барои деҳот нест.
Занони ҷабрдида аз хушунати хонаводагӣ, бо кӯдакон яккаву танҳо ва бе воситаи таъмини рӯзгор монда, чунки шавҳарон ба Русия рафта барнагаштаанд ё занон бо пайвандони ҳамсар созиш ҳосил карда наметавонанд, ё шавҳар лату кӯб мекунад ва дигар ҷойи сабру тоқат нест; чӣ ҳодисаҳое дар оилаҳо рух намедиҳанд.
Занҳо аз мизоҷони асосии Саидбегим мебошанд; аксаран ба ҷуз ҳуқуқшиноси бепул онҳо азобу азияти худро ҳатоо ба ягон касе ҳам гуфта наметавонанд. Саидбегим аз мушкилоти онҳо воқиф гардида, сипас ҳамроҳ ҷӯёи адолат мешаванд.
Мизоҷони дигар шахсоне мебошанд, ки бо қитъахои замин мушкилот доранд.
Боз ҳодисаҳои нодир ҳам вомехӯранд.
- Албатта, занон бештар ба зӯроварии хонаводагӣ дучор мешаванд, вале дар Тоҷикистон баъзан мардон ҳам аз хушунати оилавӣ азият мекашанд. Чанде қабл падару писаре назди ман омаданд ва маълум шуд, ки моиндар онҳоро аз хона пеш кардааст. Бе иҷозати шавҳар говро фурӯхтааст. Мизоҷи ман мехост, ки аққалан як қисмати маблағи даромад аз фурӯши говро бигирад. Лекин зан ҳамаи пулҳоро ба адвокати пулакӣ харҷ кардааст, то ки ӯ ариза навишта, аз манфиатҳояш дар суд ҳимоя кунад. Онҳо дар як хона зиндагӣ мекарданд. Ӯ онҳоро таҳқир мекардааст, ки ин ҳам хушунати хонаводагӣ маҳсуб меёбад, танҳо равонӣ. Мард 77-солаву зан 30-сола буда, ӯ аз ҷавонии худ истифода бурдааст. Мо ба суд ариза навиштем, он мавриди баррасӣ қарор дорад, - мегӯяд Саидбегим.
Дафтари кориии давлатии ҳуқуқӣ муддати 2,5 сол аст, ки дар Ҷайҳун фаъолият дошта, дар ин муддат наздики 1,5 ҳазор нафар ба он муроҷиат кардаанд. Ҳуқуқшинос Саидбегим Мирзошоҳзода қариб ба тамоми он корҳое, ки мутахассисони мустақил сарукор доранд, машғул аст. Танҳо комилан ройгон.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.