Internews дар ҳамдастӣ бо Asia-Plus мактаби бисёрмарҳилавии амалии журналистикаи додаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Дар баробари омӯзиши амалӣ ба иштирокчиён барои маводҳои таҳиякарда ҳаққи қалам низ дода мешавад.

Дар мактаб баргузории марҳилаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

᛫ Омӯзиши дурӯза барои рӯзноманигорони навкор ҷиҳати таҳияи маводи додаҳо. Омӯзиши мазкур рӯзҳои 13-14 январ дар дафтари кории Asia-Plus бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ баргузор мешавад;

᛫ Кумак (менторинг) дар таҳияи хабарҳо дар асоси омору додаҳо. Барои мавод ҳаққи қалам пешбинӣ шудааст;

᛫ Омӯзиши серӯза барои иштирокчиёни ботаҷриба (иштирочиёни тренинги аввал низ шомиланд). Омӯзиши мазкур рӯзҳои 30 январ - 1 феврал бо ҷалби коршиносони хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст;

᛫ Хакатони дурӯза (рӯзҳои 2-3 феврал) имкон медиҳад иштирокчиён бо ёрии коршиносони хориҷӣ натанҳо фарзия (гипотеза) пешниҳод кунанд, балки ба маводи ояндаи худ низ замина гузоранд;

᛫ Таҳияи 5 маводи додаҳои даставӣ. Ҳаққи қалами хуб пешбинӣ шудааст.

Мураббиёни мактаб инҳоянд:

Алексей Смагин – рӯзноманигори додаҳо, таҳлилгари гурӯҳи “Таҳқиқоти Яндекс”. Журналистикаи маълумот ва таҷассум (инъикос, визуализатсия)-и додаҳоро таълим медиҳад. Ҷоизадори озмуни байналмилалӣ оид ба журналистикаи додаҳо Sigma Awards мебошад.

Юлия Криган – мутахассис оид ба таҷассуми маълумот, тасвирбаён (инфографика) ва журналистикаи додаҳо аст. Дар бонки “Точка” кор карда, таҷассуми маълумотро дар Мактаби олии иқтисодӣ (ВШЭ) таълим медиҳад. Дар шуъбаи додаҳои “РБК” низ таҷрибаи корӣ дорад.

Рустам Гулов – мурабии расонаҳо ва мураббӣ-мушовир, мутахассис оид ба таҷассуми маълумот, дар мактабҳои додаҳо таҷрибаи ғании корӣ дорад.

Баҳманёр Нодиров – мудири таҳририяи Asia-Plus, журналист, мутахассис оид ба таҷассум ва коркарди маълумот, дорои таҷрибаи кории мураббии расонаҳо аст.

Зарина Эргашева – рӯзноманигори додаҳо, шореҳи иқтисодӣ, менеҷери Internews дар лоиҳаи REVIVE.

Рӯзноманигорони фаъол, ки на камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар ин соҳа доранду аз мавзӯъ ва маҳоратҳои зерин огаҳӣ доранд, иштирокчиёни мактаб шуда метавонанд:

᛫ бо рақамҳо муносибати хуб дошта, маълумотро таҳлил карда тавонанд;

᛫ дар рақамҳо рӯйдодҳоро дида тавонанд ва намунаи корҳояшон исботи он бошад;

᛫ пештар ҳадди ақал бо онлайн-воситаҳо оид ба таҷассумсозӣ (визуализатсия) сарукор гирифта бошанд;

᛫ забони тоҷикӣ ва русиро дар сатҳи кофӣ балад бошанд;

᛫ барои омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ вақти зиёд ҷудо карда тавонанд;

᛫ дар бораи мавзӯе, ки дар доираи мактаб бо он кор кардан мехоҳанд, тасаввурот ва ҳадди ақал ягон маълумот дошта бошанд.

Машғулиятҳо бепул буда, иштирокчиён аз рӯи дархостҳо интихоб мешаванд. Хоҳишмандонро лозим аст, ки онро дар шакли онлайн пур кунанд. Қабули дархостҳо 8 январ соати 20:00 бо вақти Душанбе ба охир мерасад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо мо тариқи почтаи электронии [email protected] тамос гирифта метавонед.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯби Барномаи осиёимарказии MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) гузаронида мешавад. Дар бораи Барномаи осиёимарказии MediaCAMP дар ин ҷо маълумоти муфассал қобили дарёфт аст. Муфассалтар дар бораи ташкилот: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.