Дар гузориши «Шабакаҳои барқӣ дар кишварҳои Бонки авруосиёии рушд (БАОР)» ба Тоҷикистон бо назардошти сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун тавсия дода шудааст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат барои содироти барқ аз ин нерӯгоҳи бузург зербинои иловагии фаромарзӣ бунёд карда шавад.
Муаллифони гузориш ба кишварҳои БАОР пешниҳод кардаанд, ки барои истифодаи пурсамари имконот оид ба содироти барқ ба кишварҳои сеюм стратегияҳои рушди шабакаҳои барқи худро ҳамоҳанг созанд.
«Беҳбуди самаранокии фаъолияти низомҳои энергетикӣ ба туфайли истифодаи афзалиятҳои савдои байнулмилалӣ ва ба ҳадди камтарин расонилдани сарбории нерӯгоҳҳои барқӣ дар ниҳояти кор ба коҳиши арзиши аслии нерӯи барқ барои истеъмолгарон имкон медиҳад», - чунин мешуморанд таҳлилгарон.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки айни замон лоиҳаи CASA-1000 мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон имкон фароҳам оварда, ба робитаҳои мутақобилаи шабакавии Тоҷикистон бо Қирғизистон тавсеа мебахшад.