Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад.

«Мо ба ҷониби Русия се рӯз муҳлат додем ва агар онҳо ба парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» тариқи хатсайрҳои Душанбе - Маскав ва Хуҷанд - Маскав маҳдудиятҳоро бекор накунанд, аз 6 апрел мо парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ба Тоҷикистонро манъ мекунем», - гуфт як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ изҳор намуданд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷандро манъ мекунанд ва айни замон аз ҷониби Русия посухро интизоранд.