Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар кишвар ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад ва гап сари он аст, ки худи намояндагиҳои ин хадамот шитоб надоранд.

Муовини сардори Раёсати назорати алоқаи Хадамоти алоқа Ҷонибек Дадоматов зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар Тоҷикистон бинобар сабаби қабули қонун «Дар бораи алоқаи почтавӣ» дар таҳрири нав ва маҳз моддаҳои қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳии навъҳои ҷудогонаи фаъолият», ки мувофиқи он хизматгузориҳои почтавӣ бояд иҷозатнома дошта бошанд, боздошта шуд.

Ӯ зикр кард, ки баъди қабули қонуни мазкур танҳо ду ширкати байнулмилалии хизматрасонии почтавӣ - DHL и UPS ҷиҳати гирифтани иҷозатнома ба Хадамоти алоқа муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи Дадоматов, зимни муроҷиат ин ширкатҳо ба Хадамот номгӯи нопурраи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуда, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия намуда, такроран ба Хадамот муроҷиат кунанд.

Таъкид шуд, ки танҳо ширкати DHL такроран ба Хадамот муроҷиат намуда, айни замон дархости ширкат ҷиҳати гирифтани иҷозатнома мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Барои фаъолияти хадамоти байнулмилалии почта дар қаламрави Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надошта, агар онҳо дар доираи қонунгузорӣ бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мо муроҷиат кунанд, мувофиқи тартиби аз рӯи қонун муқарраршуда ба онҳо иҷозатномаи фаъолият дода мешавад», - иброз дошт намояндаи Хадамоти алоқа.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дафтарҳои кории чор ширкати бузурги байнулмилалии хизматгузории почтавӣ - DHL, UPS, TNT, Pony Express муҳр зада, ин амалашро чунин маънидод кард, ки ин ширкатҳо барои фаъолият иҷозатнома нагирифтаанд.