Бонки осиёгии рушд (БОР) барои амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии хавфҳои офати табиӣ Тоҷикистонро бо маблағгузории грантӣ таъмин мекунад.
Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрии вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони БОР рӯзи 16 май масъалаҳои омодакунии Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки БОР ният дорад, ки лоиҳаро пурра бар асоси грантӣ маблағгузорӣ намуда, амалисозии лоиҳа ба таҳкими имконоти ниҳодии вазоратҳо ва мақомоту идораҳои дахлдор дар мубориза бо офатҳои табиӣ, аз қабили заминҷунбиву фаромадани ярчу сел ва тарма мусоидат мекунад, то ки талафоти ҷониву амвол ва иншооти зерсохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳадди камтарин расонида шавад.
Аз оғози татбиқи лоиҳа аввали соли равон интизорӣ рафта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷузъиёти дигари масоили лоиҳаро зимни вохӯриҳои нав баррасӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар нақшаи тиҷорати амалиётии БОР оид ба Тоҷикиситон барои солҳои 2017-2019 лоиҳаи «Тақвияти имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода» дарҷ ёфтааст, ки маблағгузориаш сол 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа 120 млн. доллар арзёбӣ шудааст, ки наздики 105 млн. долларашро БОР ҷудо карданист. Аз ҷумла, беш аз 102,3 млн. доллар бар асоси қарзи имтиёзнок ва беш аз 2 млн. доллар - бар асоси грантӣ. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии ин лоиҳа дар ҳаҷми 15,7 млн. доллар зикр шудааст.
Аввали соли равон намояндагии доимии БОР эълом дошт, ки ҳадди ақал то охири соли равон ин бонк ба Тоҷикистон танҳо бар асоси бебозгашт (грантӣ) маблағузорӣ мекунад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон шуда буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.