Соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 6,3% афзуда, зиёда аз 4,2 млрд. долларро ташкил дод. Афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3,1 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 – 13,5% зиёдтар аст.

Наздики чоряк ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба кишварро воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли пешин ҳаҷми воридоти чунин маҳсулот қариб ним баробар афзудааст.

Нисбат ба соли 2017 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2018 ба андозаи 10% кам шуда, ҳамагӣ ба ҳудуди 1,1 млрд. доллар баробар аст.

Беш аз нисфи молу маҳсулот дар сохтори содиротии кишвар ба маҳсулоти минералӣ рост меояд.

Фурӯши яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар – нахи пахта соли сипаришуда беш аз 40% коҳиш ёфт.

Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон дар соли 2018 ба наздики 2,1 млрд. доллар баробар шуд.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2018 Русия боқӣ монда, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 1 млрд. долларро ташкил дод.

Соли 2018 Тоҷикистон бо Қазоқистон - ба маблағи зиёда аз 836 млн., Чин – беш аз 651 млн., Туркия – наздики 402 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2018 тамоили афзоиши ҳаҷми муомилоти мол бо ҳамсоякишвар - Ӯзбекистон идома ёфта, соли гузашта ҳаҷми он 2,3 баробар афзуд ва ба наздики 290 млн. доллар расид.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.