Ҳаҷми андозбандӣ ба фаъолияти инифродии соҳибкорӣ, ки дар Тоҷикистон бар асоси патент амалӣ мешавад, ба андозаи 5,4% боло меравад.
Вазорати молияи ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ охири моҳи январ «Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент» фармоиши муштарак содир намуданд.
Бо фармоиши мазкур тасдиқи андозаҳои индексатсияшудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) дар соли 2019 мувофиқи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, дастур дода шудааст.
Фармоиш ба Вазорати адлия пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмӣ, меъёрҳои нави патент мавриди амал қарор мегиранд. Агар ба солҳои пешин назар андозем, ба гумони ғолиб ин кор аз 1 апрел сурат хоҳад гирифт. Ҳаҷми пардохти маблағи патент дар ҷумҳурӣ бори охир соли 2016 бозбинӣ (индексатсия) шуда буд.
Айни замон дар Тоҷикистон 48 навъи фаъолияти срҳибкории инфиродӣ бар асоси патент амалӣ мешавад.
Кӣ чӣ қадар маблағ пардохт мекунад?
Ҳаҷми нисбатан баландтари патент барои соҳибкорони инфиродии машғул ба боркашонӣ бо нақлиёти боркаши борбардориаш беш аз 20 тонна муқаррар шудааст, ки баъди ҷорӣ шудани меъёрҳои нав 741 сомониро дар як моҳ (айни замон – 703 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо – дар як моҳ 667 сомонӣ (қаблан - 633 сомонӣ), навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо – 147 сомонӣ (130 сомонӣ), истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо – 222 сомонӣ (210 сомонӣ), банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ – 111 сомонӣ (105 сомонӣ), фурӯши гулҳои тару тоза – 296 сомонӣ (281сомонӣ), ҳоҷатхонаи ҷамъиятии музднок (пулакӣ) – 223 сомонӣ (211 сомонӣ) ва фаъолияти маҳсгарӣ дар хона – 74 сомонӣ (пеш – 70 сомонӣ) пардохти моҳонаи маблағи патент муқаррар шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.