Чор бонки Тоҷикистон якбора ба низоми интиқолҳои фаврии «Сбербанк»-и Русия тариқи рақами телефон пайваст шуданд.

Акнун мизоҷони бонки Русия бо кумаки замимаи «Сбербанк Онлайн» пулро ба муштариёни ТАҚХ “Душанбе Сити”, “Коммерсбонк” ва “Спитамен Бонк”-и Тоҷикистон гузаронида метавонанд. Аввали моҳи октябр ба мизоҷони “Бонки Эсхата” низ фароҳам шудани чунин имкон ваъда шудааст.

Комиссия дар сатҳи 1% ва маблағи ба ҳадди ниҳоӣ имконпазири интиқол - 50 ҳазор рубл муқаррар шудааст.

Пулро метавон бо рубли русӣ интиқол дода, зимни гузаштан ба корт дар Тоҷикистон он ба асъори маҳаллӣ табдил дода мешавад.

Айни замон хизматрасонӣ ба соҳибони дастгоҳҳои мобилии дорои низоми амалиёти Android дастрас буда, охири моҳи оянда дастрасӣ дар смартфонҳо бо iOS низ имконпазир мешавад.

Дар замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» чӣ гуна пулро метавон интиқол дод?

Дар аввал ба телефон баргирифтан (скачать)-и замимаи «Сбербанк Онлайн» зарур аст. Онро метавон аз Google Play, ҳамчунин App Store дар телефони худ баргирифт.   

Интиқол ба корти бонки дигар

Амали 1

Интихоб кардани бахши «Платежи».

Амали 2

Пахши тугмаи «За рубеж».

Амали 3

Чидани рақами корти қабулкунанда, тасдиқ кардани рақами корт бо пахши тугмаи «Продолжить».

Амали 4

Зикр кардани миқдори маблағи интиқол ва пахши тугмаи «Продолжить». Тасдиқ кардани интиқоли худ.


Пулро чӣ тавр метавон гирифт?

Барои гирифтани пули интиқолшуда аз Русия тариқи замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн», дар яке аз чор ташкилоти қарзии дар боло зикргардидаи Тоҷикистон корти бонкӣ доштан лозим аст.

Дар муддати чанд сония баъди анҷоми интиқол ба телефони пулгиранда дар бораи аз замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» интиқол ёфтани пул паёмак (смс) ва push-огоҳинома меояд.

Воситаҳои пулӣ ба корти бонкии қабулкунанда ворид гардида, бо он метавон маблағи молу маҳсулот ва хизматрасониҳоро пардохт намуда, ҳамчунин аз ҳама банкоматҳои кишвар пули нақд гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.