Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи сентябри соли равон қариб 45 миллион сомониро ташкил додааст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар нӯҳ моҳи соли 2019 андозаи қарздорӣ беш аз 17 миллион сомонӣ мебошад, ки нисбат ба маблағи умумӣ 38,8%-ро ташкил медиҳад.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (дар маҷмӯъ, зиёда аз 31 миллион сомонӣ) дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок – 13,6 миллион сомонӣ ва сохтмон – 9 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ қарздории музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта 13,5 миллион сомониро ташкил додааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат дар моҳи сентябри соли равон 1325 сомонӣ ($136) ва музди ҳадди ақал 400 сомониро ташкил додааст.

Музди меҳнати камтаринро дар ҷумҳурӣ кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ (ба ҳисоби миёна 532 сомонӣ) мегиранд. Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бонкҳо (3000 сомонӣ) ва соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2732 сомонӣ) пардохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.