ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ФЕВРАЛ
Соли 1968 – Аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон, рақами хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.
Соли 1992 – Тоҷикистон ба ҳайати Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) қабул шуд.
Соли 2007 – Ҷудокори тоҷик Расул Боқиев дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Будапешт медали тилло ба даст овард.
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Соли 2010 – Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.
Соли 2020 – Хӯҷа Каримов, собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти Халқии Тоҷикистон, маъруф бо номи “Хӯҷа-командир” аз Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд.
Соли 2022 – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои танзими муносибатҳоро дар соҳаи муҳоҷират имзо карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1936 – Мавлуди Салимшо Ҳалимшо, шоири саршиноси тоҷик.

Ӯ аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.
Солҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Пайванд” ҳамчун мудири шуъба ва муовини сармуҳаррир фаъолият бурда, муддате мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Салимшо Ҳалимшо нимаи дуюми солҳои 60-ум ба майдони адабиёт ворид гардида, ашъораш писанди хонандагон гардидааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Оинаи виҷдон”, “Бурҷи Инсон”, “Хонаи Офтоб”, “Зодагони ҳафт тӯфон” ва драмаи “Кабутарони сафед” аст.
Салимшо Ҳалимшо июни соли 2021 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1939 – Зодрӯзи Тӯхта Почомуллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, собиқ Додситони Тоҷикистон.
Ӯ солҳо муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи шаҳру навоҳии Ғарм, Деваштич, Истаравшан, Хуҷанд ва муовини аввали Додситонии куллли Тоҷикистон буд
Солҳои 1981-1991 дар вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Солҳои 2000-2005 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Тӯхта Почомуллоев шурӯъ аз соли 2006 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба фаъолият пардохт ва профессори ин донишгоҳ аст.
Соли 1954- Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва муовини пешини сарвазири Тоҷикистон

Ӯ дар оилаи рӯҳонии машҳур Эшони Тураҷон ба дунё омадааст. Соли 1972-1977 дар мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро ва солҳои 1977-1980 дар Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд таҳсил намуда, баъди хатми донишгоҳи мазкур дар солҳои 1980-1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият доштааст.
Дар соли 1982 ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 ба итмом расонидааст. Солҳои 1987-1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ машғул будааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар солҳои 1988-1993 масъулияти Идораи Қозиёти мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш доштааст. Ҳамзамон бо ин, феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶТ ва баъдан узви Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз ибтидои соли 1993 то оғози соли 1998 дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, мақоми ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро (ИНОТ) ба дўш доштааст. Ҳамзамон бо ин, дар тамоми тӯли музокироти сулҳи тоҷикон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ИНОТ-ро ба уҳда доштааст.
Баъди имзои созишномаҳои сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба мақоми муовини аввали сарвазири ҶТ таъйин гашта, дар солҳои 1998 то 2005 дар ин симат фаъолият доштааст. Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳоло Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода давлати пирӣ меронад.
Соли 1968 – Мавлуди Амрохон Муродзода, муаррих, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.
Соли 1984 – Мавлуди Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд.

Фаъолияти кориашро солҳои 2001 ҳамчун сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд оғоз карда, солҳои 2015-2018 директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва солҳои 2018-2020 раиси шаҳри Гулистон буд.
Аз моҳи ноябри соли 2020 то имрӯз дар вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ифои вазифа мекунад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1923 экспедитсияи Ҳовард Картер санги тобути Тутанҳамонро пайдо кард. Гӯри Тутанҳамон, ки дар соли 1922 кашф шуда буд, ягона мақбараи фиръавн мебошад, ки ғорат нашудааст ва қариб дар шакли аслиаш боқӣ мондааст.

Санги тобути фиръавн аз тилло сохта шуда, зиёда аз 100 кг тиллои холисро дар бар мегирифт. Худи ҷасади фиръавн мумиёшуда буд.
Имрӯз тобути Тутанҳамон ҳамоно дар мақбараи ӯ дар водии Фиръавнҳо боқӣ монда, ҳама ганҷҳои ёфтшуда дар Осорхонаи Қоҳира нигоҳ дошта мешаванд.
Соли 2005 Протоколи Киото ба ҳукми амал даромад. Ин санади байналмилалӣ, ки дар моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Киото (Ҷопон) ба тасвиб расидааст, ба Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим замима шуда, кишварҳои рушдёфта ва давлатҳои дорои иқтисодиёти гузаришро уҳдадор менамояд, ки партовҳои газҳои гулхонаиро кам ё мӯътадил нигоҳ доранд.

Қисми зиёди кишварҳое, ки ин санадро тасвиб кардаанд, зиёда аз 55% ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаиро ташкил медиҳанд. Мӯҳлати амали созишнома то соли 2012 пешбинӣ шуда буд, бинобар ин, дар соли 2011 мувофиқаи тамдиди он то қабули як созишномаи нав ба даст омад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона аз 9+14º гарм то 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-35º сард, рӯзона 6-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 0+2º гарм.
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста