Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки ҳизбҳои дигар ва ҳукуматро на мухолиф, балки рақиби сиёсӣ меҳисоб, аммо мегӯяд барномаи интихоботиаш аз онҳо фарқ мекунад. Раиси ин ҳизб мегӯяд, рушди соҳаи кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳ, аст, аммо ин ба он маънӣ нест, ки масоили амниятӣ, иқтисоду маориф ва муҳоҷират дар канор мондааст.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар арафаи интихоботи парлумонии соли равон бо раисони ҳазбҳои сиёсии кишвар дар робита ба барнома ва ҳадафи ширкаташон дар ин маъаракаи сиёсӣ суҳбат кунад.
Мусоҳибаи аввалро аз раиси ҲАТ оғоз кардем. Ин ҳизб, ки ҳоло бо 7 курсӣ дар парлумон ҷиноҳи худро дорад, ин бор бо чӣ барнома вориди корзори интихоботи парлумонии 2-юми марти соли 2025 мешавад? Бо Рустам Латифзода мусоҳиба оростем ва суҳбатро аз номи ҳизб оғоз кардем.
“Мо зиёд мешавем, аммо аъзоҳакӣ дар ҲАТ ихтиёрӣ аст”
- Чаро ҳизби кишоварзон ё барзгарон не, аграрӣ?
- Кишоварзӣ ва барзгарӣ номҳои хубанд, вале мо тасмим гирифтем, номе монем, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳам фаҳмо бошад ва барои шинохти ҳизб ва таҳкими равобит бо ҳизбҳои дигар аз хориҷ мусоидат кунад. Фикр мекунам аграрӣ ҳам хато нест ва дар коргузории кишвар ҳам васеъ истифода мешавад. Чун ин вожаҳо ҳаммаъно ҳастанд, ба ҷойи аввал мақсаду ҳадафҳои барномавӣ мебароянд.

- Ҳоло ҲАТ чанд аъзо дорад?
- Беш аз 70 ҳазор ва ҳар сол зиёд мешавад. Масалан, давоми панҷ соли охир қариб 20 ҳазор узви ҲАТ шуданд. Аммо мо таваҷҷуҳро бештар ба “сифат” диҳем, яъне аъзои фаъол. Аъзои мо умдатан мардуми деҳот, онҳое, ки ба кишоварзӣ наздиканд, аммо дар марказҳои шаҳру вилоятҳо ҳам аъзо дорем.
- Дар замони “ҳуши маснӯиву айфон” ҷавонон ба барномаҳои ҳизби шумо то куҷо таваҷҷуҳ доранд?
- Ҳоло ҷавонон ба сиёсат бештар майл доранд, аз ҷумла ба барномаи ҳизби мо низ таваҷҷуҳ мекунанд. Таваҷҷуҳи ҷавононро ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон эҳсос мекунем. Воқен ҳам дар асри рушди босуръати технологияҳои коммуникатсионӣ мо бояд аз ҳамаи воситаҳое, ки қонунгузорӣ иҷозат медиҳад, васеъ истифода барем.
- Ҷавонон чанд дарсади аъзои ҳизби шуморо ташкил медиҳанд?
- Мо як қаноти ҷавонон дорем, ки наздики 34 дарсади аъзои ҳизбро ташкил медиҳанд.
- Дар ҲАТ пардохти аъзоҳақӣ иҷборӣ аст?
- Он ихтиёрӣ аст. Теъдоде аз аъзои ҳизб онро пардохт мекунанд ва маблағи ҷамъшуда барои татбиқи мақсадҳои барномаи ҳизб равона мегардад.
Барои пўшонидани хароҷоти маъракаҳои интихоботӣ ҳизб ва номзадҳо аз ҳисоби маблағи худ ва дигари манбаъҳои ҷалбшаванда, дар доираи меъёрҳои муайнкардаи қонун иштирок мекунанд.
- Биёед мушаххас мепурсам: Интихобкунандаи ҲАТ кист?
- Ин саволро бисёр медиҳанд. Замоне гуфтам, ки 70 дарсад аҳолии кишвар дар деҳоти зиндагӣ мекунанд, баъзе гуфтанд, ки Латифзода ба 70 дарсади раъйи мардум умед дорад. Аммо дар воқеъ мо ба сокинони шаҳрҳо низ такя мекунем. ҲАТ танҳо масоили кишоварзиро мадди назар надорад. Масоили мубрами ҷомеа албатта мавриди назари мо аст ва самтҳои мушаххаси барномаҳои мо ба масоили ғайрикишоварзӣ низ равона шудаанд. Масалан, яке аз ҳадафҳои мо мусоидат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар аст, созгор ба ҳадафи стратегии давлат барои расидан ба рушди устуовр. Ин барои ҳама, муҳим аст, аммо бидуни рушди бахши кишоварзӣ, ки заминаи асосӣ ҳадафи мазкур аст, расидан ба он душвор аст.
Бояд эътироф кард, ки 60 дарсади қувваи корӣ дар деҳот аст, қариб 25 дарсади ММД-и кишвар ба соҳаи кишоварзӣ рабт дорад. Аз ин лиҳоз барномаи мо бештар ба мардуми деҳот ва кишоварзон, аммо бо назардошти хостаҳои шаҳрнишинон ва дар умум, намояндагони касбу кори гуногун нигаронида шудааст.
Рушди устувори мамлакатро танҳо бо соҳаи кишоварзӣ таъмин карда намешавад. Хама ҳадафҳои стратегии рушди устувор бо ҳам алоқкаманд ҳастанд ва ба якдигар вобастаанд. Энергетика барои саноати коркарду нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, роҳҳо барои ҳамлу нақл ва сари вақт расонидани маҳсулот ва ниҳоят саноатикунонии босуръат, ки як бахши азими агросанотии кишвар мебошад.
“Шояд айби мо ҳам бошад”
- ҲАТ аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 13 номзад пешниҳод кард. Аз ҳавзаҳои якмандатӣ чанд номзад пешниҳод кардед ва онҳо кистанд?
- Аз ҳавзаҳои якмандатӣ 17 узви мо - 7 нафар дар вилояти Суғд, 6 нафар дар вилояти Хатлон ва боқимонда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, сабт шудаанд. Як – ду номзади пешниҳодшуда бинобар камбуд дар ҳуҷҷатҳо сабт нашуданд. Ин камбудии кумитаҳои иҷроияи мо дар маҳаллҳо аст.
Миёни номзадҳои пешниҳодшудаи ҳизб, аз ҷумла вакилони парлумон, вакилони маҷлисҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, муовини аввали раиси вилоят ва ноҳия, роҳбарони корхонаҳо ва омӯзгорон ҳастанд.

- Ҳоло фазоро метавон интихоботӣ гуфт ва аз он қонеъ ҳастед?
- Ман фикр мекунам, ки фазо интихоботӣ аст. Масалан, ҲАТ гурӯҳи корӣ ташкил карда, мавзуъҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ таҳия дорад. Аъзои мо дар ҳавзаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳудудӣ кор мекунанд.
Чанде пеш миёни ҳамаи ҳизбҳое, ки дар интихобот иштирок мекунанд, созишномае оид ба одобу рафтор ҳангоми пешбурди корҳои таблиғотӣ имзо шуд.
Агар шумо фазоро сокит мебинед, шояд айби мо ҳам бошад, чун бо расонаҳо кам кор мекунем. Аммо бовар дорам, баъди оғози корҳои тарғиботӣ ва рўз ба рўз наздик шудан ба интихобот фазо боз ҳам гармтар мешавад.
“Мухолиф не, рақибем”
- Теъдоде аз коршиносон ғайр аз ҲХДТ дигар аксари ҳизбҳоро сохтаи ҳукумат меноманд. Оё ҲАТ худро мухолифи ҲХДТ ё ҳукумат меҳисобад?
- Ҳар кас метавонад андешаи худро дошта бошад ва агар касе фикр мекунад, ки аксари ҳизбҳо сохтаи ҳукумат аст, андешаи ӯст. Воқеият ин аст, ки ҲАТ як нерӯи сиёсӣ, дорои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорон, 7 вакил ва ҷиноҳи худ дар парлумон, роҳбарон дар сохторҳои иҷроияи ҳукуматӣ, муаасисаҳои илмӣ аст, ки дар аксар масоили ҷомеа мақоми худро дорад ва овози он ҳалкунанда аст.

Ман мухолифи истифодаи мафҳуми “мухолиф” ҳастам, чун он даврони бесарусомониро ба ёд меорад. Тавре пештар гуфтем, мо мухолиф не, рақиби сиёсӣ ҳастем.
Мақсади ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ рушди устувори кишвар ва беҳтар кардани шароити зиндагии мардум аст, аммо бо барномаҳои худ. Яъне барномаи ҳар ҳизб фарқ мекунад ва аз ин лиҳоз, онҳо рақиби сиёсии ҳамдигаранд.
- Аз кори парлумон гуфтед, лутфан ба чанд суол дар бораи фаъолияти он ҳам посух гӯед. Дар расонаҳо кори парлумон, даъвати охир зиёд интиқод мешавад. Чунин менамояд, ки вакилони даъвати охир ҳама “хомӯш” шудаанд. Чаро?
- Шояд камбуди мо - вакилон ҳам бошад, ки кори худро кам муаррифӣ мекунем. Аз сӯи дигар, як вақтҳо дар ҷаласаҳои порлумон рӯзноманигорон зиёд ширкат мекарданд, ҳоло камтар. Шояд бо ин сабаб, чунин ба назар расад, ки вакилон, ба гуфтаи шумо, “хомӯш” ҳастанд.
Фикр мекунам, инро бояд тағйир дод. Агар рӯзноманигорон дар ҷаласаҳои порлумон бештар ширкат варзанд, ҷомеа аз кори вакилон огоҳ мешавад. Ҳоло нашрияи порлумонии “Садои мардум” фаъолияти вакилонро инъикос мекунад, сомонаи порлумон ҳам фаъол аст, вале ба назар мерасад, ки ин кам аст.
Дар асл, ҳар лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод мешавад, чандин зинаҳоро мегузарад: аз баррасии сатҳи кумитаҳо то ҷаласаҳои васеъ бо иштироки тамоми кумитаҳои дигари парлумон ва баъдан ҷаласаҳои шӯро. Байни вакилон ва намояндагони вазорату идораҳо баҳсҳо, баъзан баҳсҳои тунд сурат мегиранд. Баъзан мешавад, ки лоиҳаи пешниҳодшуда пас гардонида мешавад. Шояд расонаҳо аз ин зинаҳои баррасӣ кам огоҳанд. Дар ҷаласаи кушоди парлумон қонуни аллакай такмилёфта пешниҳод мегардад. Аз ин лиҳоз, чунин бардошт ҳосил мешавад, ки гӯё дар парлумон баҳси ҷиддӣ намешавад. Ин мантиқ надорад. Ягон қонун, меъёри танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ “хомушона” таҳия, баррасӣ ва қабул намешавад.
- Пас ин айби кӣ аст?
- Шояд айби мо – вакилон бошад.

- Ба ҳар сурат, солҳои пеш дар парлумон ҳангоми қабули қонунҳо баҳс мешуд, баъзе вакилон андешаашонро иброз медоштанд, аз ҷумла ба расонаҳо...
- Агар дар ҷаласаи ниҳоие, ки қонун қабул мешавад, баҳсу баррасиҳои тунд сурат гирад, маълум мешавад, ки дар зинаҳои қаблӣ вакилон ба таври бояду шояд кор накардаанд ва кумитаи масъул вазифаашро дуруст анҷом надодааст.
Имрӯз мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳамаи мушкилот то ҷаласаи ниҳоӣ баррасӣ шуда, ҳалли худро ёбанд, то ки дар ҷаласаи ниҳоӣ лоиҳаи қонуни комил пешниҳод гардад. Яъне кори вакилон хубтар шудааст.
- Чанд соли охир талошҳои хабарнигорони мо барои дастрас кардани иттилоъ ё шарҳ аз вакилон собит кард, ки онҳо қариб ҳамеша хомӯширо авло медонанд. Чаро вакилон аз ибрози андеша худдорӣ мекунанд?
- Бо шумо розиам, ки вакилон бо рӯзноманигорон кам тамос мегиранд. Дар расонаҳои расмӣ фикру андешаҳои худро интишор мекунанд, аммо бо расонаҳои хусусӣ ҳамкории чашмрас надоранд. Фикр мекунам, ҳамкории вакилон бо расонаҳои хусусӣ ҳам бештар бояд шавад.
- Сабаби ин канораҷӯӣ чист?
- Як сабаб шояд ин бошад, ки рӯзноманигорони расонаҳои хусусӣ бо мо ҳамкорӣ намекунанд.
- Фикр намекунам, ки ин сабаби аслӣ бошад. Масалан, рӯзноманигорони “Азия-Плюс” ҳамеша талош мекунад, ки бо вакилони порлумон ҳамкорӣ кунанд, вале аксар вақт онҳо дастнорасанд.
- Шояд мушкил аз ду ҷониб бошад. Баъзан рӯзноманигорон дар ин ё он мавзӯъ назари вакилро гирифта, аз контекст як калимаро мегиранд ва ҳангома месозанд. Дар ин ҳолат, вакил ҳам дигар аз ҳамкорӣ худдорӣ мекунад.

“Кишоварзӣ аз андоз озод бошад ва муҳоҷират танзим шавад”
- Баргардем ба ҲАТ ва барномаи он. Муҳимтарин нукоти барномаи ҳизби шумо, ки бо он вориди корзори интихоботӣ мешавед, чист ва он аз барномаи дигар ҳизбҳо бо чӣ фарқ мекунад?
- Тавре қабалн гуфтам, ҳизби мо агарчӣ аграрӣ ном дорад, вале фақат ба соҳаи кишоварзӣ маҳдуд намешавад. Мо ба масъалаҳои амниятӣ, мудофиавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, оила ва ғайра ҳам таваҷҷуҳ кардаем.
Дар барномаи мо самтҳои асосии фаъолият пешбинӣ ва роҳҳалҳо нишон дода шудааст. Масалан, мехоҳем соҳаи кишоварзӣ аз андоз қисман ё пурра озод карда шавад. Бигузор дар шакли таҷриба дар соҳаҳои алоҳида, агар натиҷаи хуб диҳад, барои ҷи не? Мо таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дорем. Инчунин, дастгирии соҳибкорон, деҳқони оддӣ бо техника, дар татбиқи технологияи нав, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишварзӣ, ба сатҳи зиндагии шаҳр наздик кардани сатҳи зиндагӣ дар деҳот бо бунёди инфрасохтори иҷтимоию маишӣ, бунёди корхонаҳо дар маҳал.

Мо пешиниҳод дорем, ки ҳангоми бунёди корхона, ба заҳираи меҳнатии маҳалли бунёди он эътибор дода шавад. Мушкили логистикӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳал карда шавад. Бидуни он самаранокии кори деҳқон кам мешавад, мушкили нигоҳдорӣ, интиқо ва фурӯши маҳсулот пеш меояд. Ин боиси болоравии нарх дар бозор, талафёбии он мегардад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар барномаи мо ҳаст. Мо пешниҳод мекунем, ки муҳоҷирати меҳнатиро давлат бояд танзим кунад. Чун дигар давлатҳо, масалан, Сингапуру Малайзия ва Туркия, ки чунин мушкилӣ доштанд ва масоили ба ин монандро танзим мекунанд.
- Чӣ хел танзим карда шавад?
- Ҷои кори ҳар як муҳоҷир дар дар хориҷа бояд муайян бошад, онҳо бояд мутобиқи касби худ кор кунанд. Агар соҳибкасб набошад, бояд омӯзонида шавад. Муҳоҷир бояд маоши шоиста гирад, нафақаи ӯ таъмин карда шавад. Ин ҳама дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ, байниидоравӣ ва ё корхонаҳо бо кафолати шароити будубош, ҷойи кор ва таъминоти дигари иҷтимоӣ. Яъне дар умум, раванди муҳоҷират бехатар ва муҳоҷирони меҳнатӣ зери ҳимоя давлат бошанд. Чунки ин потенсиали меҳнатии давлат аст. Барои ҳар як шаҳрванд давлат барои тарбия кардан, савод омузондан, ва ба як дараҷа соҳибкасб кардан маблағ сарф кардааст.
- Гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад яке аз роҳҳои ҳал бошад?
- Бале, ин хуб аст, зеро мо набояд вобастаи як давлат бошем. Гуногунсамтӣ дар тиҷорат ҳам, дар сиёсат ҳам истифода мешавад. Дар раванди муҳоҷират ҳам аз ин усул бояд истифода кард, то бо тағйир ёфтани муносибат бо як давлат ё вазъи ҷаҳону минтақа, таъсир ба муҳоҷирон ва ба василаи онҳро ба иқтисоду иҷтимоиёти оилаи онҳо нарасад.
- Ҳоло муҳоҷирони тоҷик аксаран ба Русия барои кор мераванд ва сиёсати муҳоҷирситезонаи ин кишвар вазъи онҳоро душвор кардааст. Чӣ гуна метавон ин мушкилро ҳал кард?
- Сохторҳои мутасаддӣ бояд назорат ва танзим кунад. Ҳамчунин, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мо, новобаста аз он ки дар куҷо ҳастанд, ҳимоя карда шавад. Агар раванди муҳоҷират аз тарафи давлат танзим шавад, яъне муҳоҷири меҳнатӣ соҳиби касб бошад, барои муҳоҷират ва будубош дар кишвари қабулкунанда омода карда шаванд, забон ва қонунҳои давлатро донанд, ҷойи кор ва музди меҳнати муносиб ташкил карда шавад ва агар муҳоҷирро давлат бо чунин шартҳо фиристода бошад, ин ҳам ба нафъи давлат ва ҳам ба нафъи муҳоҷири меҳнатӣ аст.
Дар баробари ин, муҳоҷир қонун ва урфу одати давлатеро, ки дар он ҷо кор мекунад, бояд риоя ва эҳтиром кунад.
“Мехоҳем соҳиби курсии бештар шавем”
- Метавонед се мушкили асосии бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳалли онро номбар кунед?
- Баланд бардоштани савияи дониши касбии деҳқонон тавассути ҳамкории хуби илму истеҳсолот, истифодаи технологияҳои нав ва таъмини тухмии босифат. Мо мардуми заҳматқарин дорем, шароти хуби иқлимӣ дорем. Агар мо ин се корро анҷом диҳем, соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд мекунад.
Ҳосили гандум дар мо бояд на 30 сентнер, балки 70-80 сентнер бошад. Дар растанипарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, дигар самтҳои соҳаи кишоварзӣ низ роҳандозӣ карда мешавад. Истеҳсоли тухмиҳои хушсифату серҳосил зотҳои нави чорво дар ватан бештар ба роҳ монда шавад. Воридоти тухмиро аз хориҷ кам кунем, Генофонди зироатҳои маҳаллиро дар ҷаҳон мисл надоранд, ҳифз кунем.
Дар ин самт ҳам муассисаҳои илмии давлатӣ ҳам соҳибкорон ва худи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бояд саҳм гузоранд.
Илова ба ин, илми кишоварзиро бояд дастгирӣ ва рушд дод. Мутаассифона на ҳама сардорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби касбӣ агрономӣ ва дигар касбҳои кишоварзӣ ҳастанд.
- Барои тарғиби ин андешаҳоятон аз кадом василаҳои муосир истифода мекунед. Манзурам, замони варақатақсимкунӣ дар давраи интихобот гузаштааст, оё аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам истифода мекунед?
-Дар фейсбук саҳифа дорем, хабарҳои навро он ҷо нашр мекунем. Бо расонаҳо ҳамкорӣ дорем. Тавассути ин воситаҳо ташвиқот мебарем. Аз забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ истифода мебарем, чун доираи аудиторияи мо васаеътар шавад.
- Дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба чанд курсии парлумон умед бастаед?
- Ҳарчӣ бештар. Даъвати чорум, соли 2010 соҳиби 2 курсӣ будем,.5 курсӣ дар даъвати панҷум соли 2015, ва имрӯз дар даъвати 6 соҳиби 7 курсием. Мушаххас гуфта наметавонам. Ин аз райъи интихобкунада вобаста аст. Кӯшиш мекунем, ки соҳиби курсии бештар шавем. Ин осон нест, чун ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ мехоҳанд, ки соҳиби курсии бештар шаванд.
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста