Бунёди нахустин иншоот дар қаламрави Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кашидани хатти лӯлаи нави интиқоли гази “Осиёи Марказӣ Туркманистон” (шохаи D) имсол ба ба охир мерасад.

“Айни замон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони нақби аввал ҷараён дорад. Тақрибан 99% корҳо дар ин иншоот ба анҷом расиданд”, - хабар дод муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш.

Ӯ қайд кард, ки ба наздикӣ сохтмони дигар иншооти ин лӯлаи газ оғоз мешавад.

Шарифа Худобахш таъкид дошт, ки масофаи қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин аз ҳама тӯлонитар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, хатти нави лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” (шохаи D) 966 километр масофаи умумӣ дошта, тариқи қаламрави панҷ кишвар – Туркманистону Ӯзбекистон (205 км), Тоҷикистон (391 км), Қирғизистон (215 км)  ва Чин (155 км) мегузарад. Он қисми таркибии лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ – Чин” буда, ба афзоиши иқтидори умумӣ то ба 85 млрд. метри мукааб имкон медиҳад.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. бо иштироки ҳиссаи ҷонибҳо ҳар кадоме 300 млн. долларӣ созишнома ба имзо расид.

Дар доираи лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони 42 нақби кӯҳӣ бо масофаи умумии 63,3 километр ва дигар иншооти зерсохтор пешбинӣ шудааст.

Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа беш аз 3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳроҳи лӯлаи газ аз қаламрави шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гузашта, то марзи Қирғизистон мерасад.

Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.