Маркази таҳлилии Picodi ҷараёни тағйири арзиши бензин дар беш аз 100 кишварро пайгирӣ намуда, чӣ миқдор харидани бензинро бо назардошти маоши миёна дар кишварҳо ҳисоб кард.

Мувофиқи гузориши таҳияшудаи “Индекси бензин 2020”, дар аксари кишварҳо нархи сӯзишворӣ поин рафтааст.

Арзиши бензин танҳо дар 4 кишвар боло рафтааст: Беларус (12,4% афзоиш), Тоҷикистон (4,5%), Қазоқистон (1%) ва Русия (0,8%).

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи аз ҳама паст барои 1 литр бензин дар Қазоқистон (0,42 $) ва баландтарин - дар Тоҷикистон (0,77 $) ба қайд гирифта шудааст.

Аз рӯйи нархи сӯзишворӣ ва ҳаҷми он дар музди меҳнати миёна дар минтақа Қазоқистон пешсаф аст - 923 литр бензин.

Бо маоши миёна дар Ӯзбекистон метавон 330 литр, Қирғизистон - 329 литр ва Тоҷикистон - ҳамагӣ 151 литр бензин харид.

Дар ин рейтинги ҷаҳонӣ кишварҳои Халиҷи Форс пешсафанд: дар Арабистони Саудӣ, Қатар ва Кувейт бо маоши миёна аз 5112 то 8210 литр бензин харидан имкон дорад.

Вазъияти беҳад таассуфовар дар ин масъала дар Куба ба қайд гирифта шудааст, ки дар он бо маоши миёна метавон ҳамагӣ 28 литр бензин харидорӣ кард.

“Бо вуҷуди дар мавқеъҳои пасти рейтинг қарор доштани Тоҷикистону Замбия, сокинони ин кишварҳо дар муқоиса бо аҳолии Куба 7 баробар бештар сӯзишворӣ харида метавонанд”, - қайд мекунанд муаллифони таҳқиқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.