Пас аз оғози муноқишаи ҳарбӣ дар Украина, аксари ширкатҳои аврупоӣ ва амрикоӣ бозори Русияро тарк карданд. Мавқеи онҳоро ширкатҳои истеҳсолии кишварҳои узви ИДМ, Чин, Ҳиндустон ва ғайра тадриҷан ишғол карда истодаанд.

Шурӯъ аз 22 июни соли 2022 бузургтарин тамғаҳои истеҳсоли маҳсулоти нӯшокӣ ба мисли Coca-Cola, Fanta, Sprite ва ғайраҳо аз бозори Русия рафтанд. Тадриҷан нӯшокиҳои машҳури истеҳсоли Гурҷистон, мисли «Боржоми» ҳам аз ин бозор мераванд. Ҷои онҳоро тадриҷан ширкатҳои истеҳсолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ишғол карда истодаанд.

Нӯшокиҳо аз ширкати «Сиёма»

Содироти худро ба бозори дохилии Россия ширкат аз соли 2021 шурӯъ кардааст. Ҳаҷми содироти он то соли 2022 аллакай 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

«Мардуми рус маззаи тамоми навъҳои нӯшокиро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Нӯшокиҳои моро дар аксар мағозаҳои калони ин мамлакат дидан мумкин аст. Ширкат тиҷоратро тариқи рубли русӣ мебарад ва то ин ҷониб ба ягон мушкилӣ ҳангоми интиқоли маблағҳо рӯ ба рӯ нашудааст» -гуфт Алишер Шаҳидӣ, роҳбари шуъбаи маркетинги ширкати «Сиёма».

Ӯ афзуд, имрӯз барои содироти маҳсулоти худ ба Русия ягон мушкилӣ надоранд ва бо дастгирӣ ва машварати Палатаҳои савдои Тоҷикистон ва Россия содиротро ба ин кишвар идома медиҳанд.

«Мо бо ширкатҳои миёнарави калонтарин минтақаҳои Русия- Москав, Санкт-Петербург, Қазон, Ростов, Калуга, Новосибирск, Екатеринбург (собиқ Свердловск) созишномаи ҳамкорӣ дорем, - гуфт Алишер Шаҳидӣ. – Оби пиряхӣ - ин кафолати бехатарӣ ва сифати олии маҳсулоти мо мебошад, ки аз ҷониби коршиносони маҳсулоти истеъмолии ватанӣ ва хориҷӣ эътироф шудааст».


Хушкмеваҳо аз Суғд

Дар ҳамин ҳол, чанд ширкати қаннодии бузург низ бозори Русияро тарк карданд, ки қаблан аз кишварҳои Шарқи Наздик хушкмева харидорӣ мекарданд. Баъди таҳримҳо онҳо тиҷорати худро ба фурӯш гузоштанд ва соҳибмулкони нав ба харидани хушкмеваҳои Тоҷикистон рӯй оварданд.  

«Ҳанӯз моҳи марти соли равон ба мо иттилоъ доданд, ки рақибонамон аз Шарқи Наздик, Аврупо ва  Африқо тарки бозори русро ба нақша гирифтаанд. Мо мунтазири поёнравии воридоти онҳо шудем, то ки ҷои онҳоро ишғол кунем. Онҳо рафтанд, аммо талабот аз он ки мо интизор доштем, зиёд баромад.


Соли ҷорӣ содироти мо то ба 37 дарсад афзуд, аммо мо бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудем. Аз ҷумла маҳдудият дар содироти бархе навъҳои маҳсулоти дохилӣ, норасоии таҷҳизотҳои технологӣ, яъне дастгоҳи электронӣ барои хушк кардани мева кам дорем», - гуфт як соҳибкор аз вилояти Суғд бо номи Мақсуд.

Вай шикоят кард, ки дар дохили Тоҷикистон шароит барои истеҳсол бад аст, аз ҷумла усули тозакунии баландсифат нест, коркард, хушккунӣ, бастабандӣ ва ғайра аз сабаби паст будани шиддати қувваи барқ  дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.

Аз ин рӯ, ин соҳибкори тоҷик, бовар надорад, ки дар бозори Русия тавонад мавқеи худро мустаҳкам кунад.

Ӯ мегӯяд, омода аст, ки баҳри рушди инфрасохтор маблағгузорӣ кунад, аммо паст будани шиддати қувваи барқ ба ӯ имкон намедиҳад.

Гелос аз Шаҳринав

Моҳи апрели соли ҷорӣ воридоти мевагӣ, буттамева ва сабзавот аз Гурҷистон ба бозори Русия якбора коҳиш ёфт.

«Ин ҳолат метавонист, ба камчинии мева, аз ҷумла гелос дар Русия сабаб шавад. Аммо шарикони мо аз ин кишвар зуд ба мо муроҷиат карданд ва мо воридоти меваҷот, махсусан гелосро аз Тоҷикистон ба ин кишвар шурӯъ кардем.


Мо нисбат ба соли гузашта, аз нақшаи қаблӣ ва пешбинишуда 20 дарсад зиёдтар мева содир кардем. Агар соли гузашта, мо 10 мошини боркаш мева ирсол карда бошем, соли ҷорӣ 12 мошин ва илова 3 мошини дигар ангур фиристодем» - гуфт як соҳибкор аз Шаҳринав бо исми Каримҷон.

Ошхонаи миллӣ бар ивази зудтайёрҳо (фастфудҳо)

Боз як мисоли рушди соҳибкорӣ, ки ба содирот рабт надорад.

Дар давраи пандемияи соли 2020, алалхусус дар давраи маҳдудиятҳо, соҳибкорони тоҷик ва ӯзбек дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои хона ба хона ройгон тақсимкунии самбӯса, ош, шаурма ва дигар таомҳоро нашр карданд.

«Ҳамин тариқ, ҷавонони тоҷик ва ӯзбек тавонистанд таваҷҷуҳи русҳоро ба хӯрокҳои шарқӣ ҷалб кунанд. Баъди барҳам хӯрдани маҳдудиятҳо низ сокинони зиёде ошхонаҳои миллии моро “зиёрат” мекунанд. Баъди тарки тамғаҳои машҳури зудтайёр ё ба қавле “фастфудҳо”-и амрикоӣ таваҷҷуҳ ба ин ошхонаҳо бештар шуд”,- гуфт Далери Ҳақназар, дизайнери биноҳои дохилӣ ва муассиси ширкати муштараки “Даля”.


Ширкате, ки ӯ кор мекунад, ду тарабхонаи собиқи “MacDonald’”, чаҳор “Burger King” ва чанд тарабхонаи бонуфузи аврупоиро бозсозӣ кардааст.

«Соли гузашта мо ҳар моҳ то 2-3 кати истеҳсоли дастиро барои тарабхонаҳои нав дастрас мекрадем. Имсол, бо назардошти талаботи зиёд, тарабхонаҳо маҷбур шуданд, устоҳои катсоз ва бофандаҳои махсуси шолбофӣ, дастархонбофӣ, кӯрпача ва ғайраҳоро даъват кунанд», - афзуд Далер.

Ягона мушкилие, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд - анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои кории кормандони даъватшуда, ба мисли  бақайдгирӣ, патент, иҷозатнома мебошад, ки ба гуфтаи ӯ, ин муваққатӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.