Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзода сабаби тағйир наёфтани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон бо вуҷуди поинравии нархи сӯзишворӣ шарҳ дод.
Зимни нишасти хабарии имрӯз, 7 феврал ӯ зикр кард, ки нақлиёти мусофирбари байни шаҳру ноҳияҳо аз сӯзишвории дизелӣ истифода мебаранд ва арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар муқоиса бо бензин ва гази моеъ боло рафт.
Болоравии нархи чаканаи сӯзишвории дизелиро ӯ ба болоравии нархи воридотӣ “бар асари ҳодисаҳои ба ҳама маълум” вобаста донист.
Зери ин мафҳум Муминзода яқинан низои мусаллаҳонаи байни Русия ва Украинаро дар назар дорад, ки дар он техникаи ҳарбии хушкигард асосан бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунад.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, моҳи декабри соли 2022 нархи 1 тонна сӯзишворӣ ба ҳисоби миёна 915 долларро ташкил додааст, ки 23,2% ё худ 173 доллар зиёдтар нисбат ба аввали соли гузашта мебошад.
Тақрибан 85%-и сӯзишвории дизелӣ аз Русия оварда шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, нархи чаканаи сӯзишвории дизелӣ дар соли гузашта қариб 12% боло рафт.
Дар робита ба бозбинии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, Муминзода зикр кард, ки Хадамоти зиддииинҳисорӣ танҳо пас аз муроҷиати мақомоти ваколатдор, яъне Вазорати нақлиёт ба ин масъала машғул шуда метавонад.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҳафтаи пеш дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки айни замон арзиши сӯзишворӣ қариб дар як сатҳ бо баҳори соли 2021 қарор дорад, замоне, ки бори охир нархи роҳкиро ба нақлиёти автомобилӣ пас аз мувофиқаи онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар шуда буд.
Ӯ зикр кард, ки агар ҳатто нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро дар нақлиёт каме фарқ дошта бошанд ҳам, дар ин давра (аз баҳори соли 2021 то имрӯз) хидматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, аз ҷумла нархҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра боло рафт.
Вазир илова намуд, ки айни замон фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар 10-15%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, моҳи декабри соли гузашта нархи маводи сӯзишворӣ аз ҳисоби арзоншавии бензин ба андозаи 11,9%) ва гази моеъ - 3,7% ба миқдори 10,1% поин рафт.
Дар муддати тамоми соли 2022 нархи бензин 27,9% ва гази моеъ - 27,3% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, 11,9% боло рафт.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, ки 85%-и бензин ва сӯзишвории дизелиро дар соли 2022 Тоҷикистон аз Русия ва беш аз 84%-и гази моеъро аз Қазоқистон ворид кардааст.
Нархи бензини воридотӣ дар соли гузашта ба андозаи 30% ва гази моеъ - 20,1% поин рафт.
Соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 320 ҳазор тонна бензин, зиёда аз 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва наздики 398 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.