Нархи 1 литри он дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1,26 доллар (13,76 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи арзонии ин навъи сӯзишворӣ то 10 майи соли 2024 Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти торнамои Globalpetrolprices.com, дар радабандии сӯзишвории дизелӣ (солярка)-и арзон миёни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон дар зинаи аввал қарор дошта, зинаҳои баъдиро Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон касб кардаанд.

Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) гаронтарин сӯзишвории дизелӣ дар Арманистон ва Украина ба қайд гирифта шудааст.

Давлате, ки дар он сӯзишвории дизелӣ аз ҳама арзон дар ҷаҳон аст, Эрон мебошад, ки дар ин ҷо 1 литри он 0,02 доллар нарх дорад. Сӯзишвории дизелии гаронтарин дар саросари дунё дар Гонконг бо нархи 3,20 доллар барои 1 литр фурӯхта мешавад.

Тибқи маълумоти сомонаи Globalpetrolprices.com, нархи сӯзишвории дизелӣ дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1,26 доллар (13,76 сомонӣ) барои 1 литрро ташкил медиҳад.

Нархи сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР):


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.