Шоми рӯзи 24 май дар Бозори маркази нохияи Шаҳритӯс дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.

“Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиёда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамзамон хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор мувофиқи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда, аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.