Сардори шуъбаи милитсияи ҷамоати Зиракии ШВКД шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Қаландаровро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия замони порагирӣ ба маблағи 3 ҳазору 400 сомонӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, сардори шуъбаи милитсия барои оғоз накардани парвнадаи ҷиноятӣ аз шаҳрванд “Т” ба сифати пора 4 ҳазор сомонӣ маблағ талаб карда, 600 сомониашро дарҳол гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда дар ҳаҷми 3 ҳазору 400 сомонӣ ӯ бо далели шайъӣ дастгир шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.