Санаи 17 август як гуруҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавонписари тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, зеро ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мегардонад.

Гуфта мешавад, бо супориши бевоситаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ тамоми қувваю воситаҳои милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шудааст.

«Ҳамагӣ баъди як рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, санаи 18 август кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашаинаи мазкурро муайян намуда, автомашинаи мазкурро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд», - омадааст дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Лутфуллои Файзуллозодаи 27-сола, соҳибмулки автомашаинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон буда, ба таври ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун таксии кироякаш, дар хатсайри худсохтаи рақами 3, фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст.

«Номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, ба назди ҷавонзани тахминан 25-30- сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, рафта автомашинаашро боз медорад ва нисбати ин ҷавонзан бо алфози қабеҳ суханҳои ғайриахлоқӣ мезанад», - гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, рӯзи 20 август ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Файзуллозодаро мутобиқи моддаи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ба ӯ дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҷазо таъин кард. Айни замон ӯ ба корҳои рубӯчини ҳавлӣ ва тоза нигоҳ доштани қаламрави биноҳо машғул аст.

Илова бар ин ба ронандаи боздоштшуда барои бе гирифтани иҷозатномаи дахлдор ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ таҳдид мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.