Аз 1 декабри соли 2024 мақомоти Русия ба ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз карданд. Вале танҳо барои онҳое, ки тариқи ҳавопаймо ба Маскав меоянд ё бо автомашина тавассути вилояти Оренбург ворид мешаванд. Дар бораи ҳамаи ин расмиёт маълумоти муфассал манзуратон мегардонем.

Маълумоти биометрӣ чист?

Ин изи ангуштон ва сурати рӯй аст.

Ин маълумотро бояд кӣ супорад?

Маълумоти биометриро аз касоне мегиранд, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Русия ворид мешавад.

Ин маълумот ҳам зимни вуруд ва ҳам хориҷ шудан гирифта мешавад, агар онҳо ҳоло аз чунин расмиёт нагузашта бошанд.

Агар ман душаҳрвандӣ дошта бошам-чӣ?

Агар ба ҷуз шаҳрвандии Тоҷикистон, боз шаҳрвандии Русия ҳам бошад, супурдани маълумоти биометрӣ лозим нест.

Ин расмиёт чӣ гуна сурат мегирад?

Зимни гузаштани сарҳад шуморо сурат гирифта, изи ангуштонатонро нусхабардорӣ (скан) мекунанд. Барои гузаштани 1 нафар аз ин расмиёт 5 дақиқа вақт лозим мешавад.

Маълумот ба мақомотҳое чун Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти федералии амният (ФСБ), Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати рақамисозӣ, Хадамоти федаралии андоз, Росавиатсия ва ҳукумати Маскав интиқол меёбад.

Ин дар куҷо кор мекунад?

На дар ҳамаи саросари Русия. Дар Маскав - фурудгоҳҳои Шереметйево, Домодедово, Внуково ва Жуковский.

Дар вилояти Оренбург - дар гузаргоҳи автомобилии “Маштаково” дар сарҳад бо Қазоқистон.

Агар шумо тариқи дигар шаҳрҳо, масалан Санкт-Петербург ворид шавед, маълумоти биометрӣ ҳоло гирифта намешавад.

Чаро ин лоиҳаро озмоиш меноманд?

Барои он ки маълумоти биометрӣ ҳоло танҳо дар якчанд нуқта гирифта мешавад. Агар озмоиш муваффақона анҷом ёбад, моҳи июн роҳандозии чунин расмиёт дар ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои Русия ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, то ин вақт хориҷиён худашон бо зикри мақсади сафар метавонанд маълумоти биометриашонро тариқи замимаи махсус супоранд.

Ин барои чӣ лозим аст?

Маълумоти биометрӣ барои таҳияи профил (симо)-и рақамии хориҷиён - як навъ онлайн-анкета истифода мешавад.

Ин поймолкунии ҳуқуқҳо аст?

Дарвоқеъ ҳам Русия назорат аз болои раванди муҷоҷиратро пурзӯр мекунад, лекин ҷамъоварии маълумоти биометрӣ таҷрибаи нав нест. Масалан, чунин расмиёт (тадбирҳо) кайҳост, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амал мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.