Аксарияти иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз барқарор шудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ карданд.

Зимни мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости рӯзи 11 июн директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов дар ин робита изҳор намудааст, ки ба ин кор танҳо Тоҷикистон розӣ нест.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи барқарор намудани кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон чанде пеш дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ (20-21 майи соли 2024 дар Остона) баррасӣ шуда буд.

«Русия ва аксарияти иштирокдорони ин чорабинӣ тарафдори аз нав оғоз кардани кори ин гурӯҳи тамос буданд. Шубҳаҳои муайян дар ин бора аз ҷониби шарикони мо аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд, аммо мо умедворем, ки дар ояндаи наздик онҳо низ мавқеи худро сабуктар хоҳанд кард», – гуфт Кабулов.

Як сол пеш раҳбарияти “Толибон” изҳор дошт, ки намояндагони онҳо барои иштирок дар нишастҳои СҲШ ҳаққи қонунӣ доранд.

«Аморати исломии Афғонистон (номи давлатро, ки аз ҷониби толибон истифода мешавад) баргузор намудани чунин вохӯриҳоро барои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақа ва рушди ҳамкорӣ истиқбол мекунад ва иштироки Афғонистон (ки нозир дар созмон мебошад) дар чунин вохӯриҳоро ҳаққи қонунии худ меҳисобад», - зикр гардида буд он замон дар изҳороти толибон.

Ба ақидаи “Толибон”, ҳузур надоштани намояндагони мақомоти Афғонистон дар ҷаласаҳои СҲШ «барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар муқобили хатарҳои соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ» монеъа эҷод мекунад.

То сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон дар соли 2021, ин кишвар ҳамчун нозир ба таври пурра дар кори СҲШ ширкат мекард, аз ҷумла, роҳбарони пешини Афғонистон дар нишастҳои ин созмон иштирок мекарданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.