Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Думаи давлатии ин кишвар рӯзи 19 феврал изҳор дошт, ки Шартнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
“Шартнома амал мекунад, он муфиду баробарҳуқуқ буда, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, албатта, чунки онҳо дар ин ҷо бисёранд, вале инчунин манфиатҳои шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ ба инобат гирифта мешаванд, зеро барои мо ҳар як шаҳрванд муҳим аст”, - гуфт ӯ зимни посух ба савол дар ин хусус.
Ба гуфтаи Лавров, шартномаи дар соли 1996 имзошуда, ки ихтилофи дохилии хунин дар Тоҷикистон ба анҷом мерасид, “дар таъмини асоси муътамади иттифоқчигии кишварҳо нақши муҳим дошт ва ҳоло ҳам дорад”.
Дар робита ба муқаррароти санад дар мавриди озод будан аз хидмати ҳарбӣ, вазир таъкид дошт, ки “ин бар асоси мутақобила сурат гирифтааст”.
“Чӣ гунае, ки набошад, шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон каманд, онҳо ҳам аз ҳамон шартҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз онҳо бархӯрдоранд, истифода мебаранд”, - илова намуд вазири корҳои хориҷии Русия.
Мувофиқи шартномаи имзошуда байни Русия ва Тоҷикистон, шаҳрвандони ҳарду кишвар ба истифодаи 2 шиноснома - Тоҷикистон ва Русия, яъне дар як вақт шаҳрванди ду давлат будан ҳуқуқ доранд.
Тоҷикистониён бояд дар бораи душаҳрвандии худ мақомотро огоҳ кунанд? Дар ин маводи мо маълумоти бештар муфассал дар ин хусус қобили дарёфт аст.