Имрӯз, 17 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла  қонунҳои ҶТ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андоз, қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” ба имзо расид.

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба қонун “Дар бораи маориф”, минбаъд мудирони маорифи вилоят ва шаҳру навоҳии кишварро на раисони ҳукумати маҳаллӣ, балки вазири маориф таъин мекунад.

Гуфта мешавад, тағйироту иловаҳои ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, барои пешгирӣ ва мубориза ба зидди ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки бо мақсади барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ содир карда мешаванд, равона шудааст.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 14 октябри соли равон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии кишвар якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Дар тағйироту иловаҳо ҷорӣ гардидани ҷазои маъмурӣ ба амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, низоъи миллӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда - 60 сомонӣ) ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Қаблан барои ин амал ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Агар шахсоне, ки барои амалҳои дар боло зикршуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошанду дар муддати як соли пас аз ҷазо гирифтан такроран онҳоро содир намоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.

Зикр мегардад, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” ба такмили қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиторӣ, таъсису таҳкими воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҳамкории аудити дохилӣ бо аудити беруна нигаронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.