Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палати ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти маолиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд.

“Дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Ин бори аввал нест, ки Рустами Эмомалӣ ба хотири таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблаҳои буҷет дар пойтахт ба мақомоти марбута дар ин хусус бо дархост муроҷиат мекунад.

Аз соли 2017, замони шаҳрдории пойтахтро ба уҳда гирифтани Рустами Эмомалӣ ӯ ҳамасола моҳи январ ба сохторҳои дахлдори ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдорӣ муроҷиат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ қаблан низ ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррпусия дар ин хусус муроҷиат карда буд: соли 2018 ва моҳи январи соли 2019 - бо мақсади санҷиши фаъолияти шаҳрдорӣ дар солҳои 2017 ва 2018.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар робита ба азхудкунии маблағҳои буҷет дар шаҳрдории пойтахт, ки мушаххасан ба лоиҳаи “Манзили дастрас” дахл доштанд, рӯшанӣ андохта шавад.

Бо дархости раиси пойтахт 69 иншооте, ки ба истифода дода шуда буданд ё сохта мешуданд, мавриди санҷиш қарор гирифта, дар иншооти зикршуда ба маблағи 7,8 млн сомонӣ изофанависӣ ошкор шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2023 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатӣ ба маблағи 405,6 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявӣ ошкор кард, ки 28,8 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли пешин буд. Аз ин маблағ 398,5 млн сомонӣ рӯёнида шуд, ки 98,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз маблағҳои зиёни расида 63 млн сомонӣ пас аз санҷишҳои аудиторӣ дар Вазоратҳои рушди иқтисод, нақлиёт, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал ба буҷет баргардонида шуд. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш 3 нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.