Дар пайи санҷиши Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2023 ду нафар равонаи зиндон шуда, парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ қарор доштааст.
Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 бо пешниҳоди Палатаи ҳисоб барои қонунвайронкунии молиявӣ нисбати 3 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду нафар равонаи зиндон шуданд ва парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ қарор дорад.
“Як масъули барқи ноҳияи Лахш ба муҳлати 13 сол ва як корманди филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон шуданд. Парвандаи Собиров У., як корманди ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавриди баррасӣ қарор дорад”, - гуфт Қарахон Чиллазода.
Маҳмурод Маҳмадализода, сараудитори Палати ҳисоб илова кард, ки соли 2023 дар сатҳи ҷумҳурӣ ягон нафар ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Тибқи иттилои Палатаи ҳисоб, соли 2023 зимни гузаронидани чорабиниҳои аудитӣ дар Вазорати рушди иқтисод, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, Вазорати фарҳанг қонунвайронкунии молиявӣ ба маблағи 63 млн сомонӣ ошкор гардида, ин маблағ ба буҷет баргардонида шудааст.
Дар умум бошад, соли 2023 дар пайи санҷишҳои Палатаи ҳисоб дар ниҳодҳои давлатии кишвар қонуншикании молиявӣ ба маблағи 405,6 миллион сомонӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 28,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи қонунвайронкунии ошкоршуда 398,5 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 98,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста