Ба санаи 17 октябр 12 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбиро иҷро карданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки то имрӯз нақшаи даъват дар ВМКБ - 79%, вилояти Суғд - 71%, Хатлон - 55%, ноҳияҳои тобеи марказ - 47%, шаҳри Душанбе - 55% ба иҷро расидааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар саросари кишвар иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 60%-ро ташкил медиҳад.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.
Ба хизмат маҷбурӣ ҷалб карданд ё худ зери «облава» афтодӣ? Ба маслиҳатҳои «Азия-Плюс» таваҷҷуҳ кун.
