Ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад.
Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.
Дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки ин фурудгоҳ ба шаҳри Маскав мансуб буда, барои иҷозати парвозҳо ба Душанбе бозбинии созишномаи байниҳукуматӣ дар ин бора зарур аст. Аммо айни замон дар хатсайрҳо ба самти Тоҷикистон танҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кор мекунанд ва аз ин рӯ, ҷониби Русия поймолкунии ҳуқуқи ширкатҳои ватаниашро изҳор намудааст.
Манбаъҳои нашрия дар ин соҳа зикр кардаанд, ки парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон метавонанд аз рӯзи 8 ноябр қатъ шаванд ва ин маълумотро дар Вазорати нақлиёт тасдиқ кардаанд.
Яке аз манбаъҳои нашрия гуфтааст, ин амал посух ба ҳукуматдорони Тоҷикистон аст, ки мувофиқасозии таъини парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия аз фурудгоҳи Жуковскийро рад карданд.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ҷониби Тоҷикистон таъкид доштааст, ки фаъол шудани фурудгоҳи нав дар наздики Маскав, боиси афзоиши парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хоҳад шуд, ки ин амр ба созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди алоқаи ҳавоӣ, мухолифат дорад.