Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чун солҳои пешин таътили зимистонаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар аз 1 январ то 31 январ идома меёбад.
Котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар таътили зимистона барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои мактаббачагон иштирок мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад.
«Ҳамчунин омӯзгорон барои толибилмони мактабҳо рӯйхати адабиёти классикӣ барои мутолиа замони таътилро тартиб додаанд. Худи омӯзгорон моҳи январ ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки соли 2012 Вазорати маориф бо назардошти супориши мақомоти шаҳрдории Душанбе ва сардии зимистон таътили тирамоҳии толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, таътили зимистонаро то як моҳ дароз кард.
Моҳи сентябри соли 2013 Вазорати маориф навгонии тоза ҷорӣ намуда, мутобиқи он мактабҳо ба низоми нимсолаи таҳсил гузаштанд. Нимсолаи аввал аз 1 сентяр то охири моҳи декабр давом мекунад. Сипас баъди таътили тӯлонии зимистона нимсолаи дуюми хониш оғоз гардида, аз 1 феврал то 7 июн идома меёбад. Соли хониши мактаббачон дар маҷмӯъ аз 34 ҳафта иборат аст.