Ба писари собиқ сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоев, ки рӯзи 13 сентябр зимни гусели президент фавтид, иҷрои вазифаи падар вогузор шуд.

Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шуҳрат Мақсудшов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ таъин шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба сохтори фурудгоҳи пойтахт дохил аст.

Ба гуфтаи манбаи «Азия-Плюс» дар ШВКД ноҳияи Дарвоз, ҳангоми боло шудани чархбол Дилдор Мақсудшоев дар масофаи хеле наздик ба он қарор дошта, шамоли сахти парраҳои чархбол ӯро ба гилем мепечонад. Сипас ин шамол гилемро ҳамроҳ бо сардори фурудгоҳ ба болои санги калони паҳлӯ меафканад. Аз ҷароҳатҳои бархӯрд ба санг Дилдор Мақсудшоев дар роҳ ба бемористон фавтид.

Як рӯз баъд раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода изҳор дошт, ки ин ҳодиса ба гусели президент ҳеҷ рабте надошта, сардори фурудгоҳ аз бемории қалб фавтидааст.

«Ба маълумотатон мерасонам, ки Дилдор Мақсудшоев кайҳо боз аз бемории дил азият мекашид ва ду бор ба бемории сактаи қалб гирифтор шуда буд. Қаблан сарпӯшак (клапан)-и дили ӯро иваз карда буданд. Аз ин рӯ, даргузашти ӯ ба сафари Сарвари давлат ҳеҷ муносибате надорад», - гуфт ба журналистон раиси ноҳияи Дарвоз.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.